Ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви ИДМ доир гардид

Сентябрь 22, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 22.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ба роҳ монда, сиёсати давлатиро дар идора, танзими омӯзиши геологии қаъри замин ва истифодаи оқилонаи захираҳои ашёи минералӣ амалӣ намуда истодааст. Ин матлабро имрӯз сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви ИДМ баён дошт.

Зикр шуд, ки мақсад аз барнома- татбиқи сиёсати давлатӣ барои  муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ  ва гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот (кодекси JORC ва қолаби CRIRSCO) ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ мебошад.

Дар кори ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, намояндагони ваколатдор ва коршиносони Шўрои байниҳукуматӣ, сардорону масъулони соҳаи геологияи кишварҳои узви ИДМ ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки муҳимтарин фаъолияти Шӯро рушди ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш, иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии ИДМ дар самтҳои зерин мебошад:

-омӯзиши геологии минтақаҳои сарҳадӣ, тартиб додани харитаҳои муттаҳидшудаи мазмуни геологӣ ва арзёбии иқтидори минералогӣ;

-гузарондани тадқиқоти умқи геологӣ ва геофизикӣ, инчунин такмил додани усулҳо ва технологияи аз масофа парма кардани замин;

такмили методологияи коркарди навъҳои нави маъданҳои ғайримуқаррарӣ;

-ҳалли проблемаҳои вазъияти фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин масъалаҳои мелиоратсия ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ ва дигар маҳалҳо.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ оид ба ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисобот доданд.

Аз ҷумла, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти саридора ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак  маълумот дод.

Яке аз лоиҳаҳо- ин тартиб додани харитаи геологӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Дар ҷаласа сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ Бобир Исломов  барои раёсати муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини  давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил 20-21 октябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид ва раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон вогузор шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
Зарари умумии заминларзаи Туркия аз 105 миллиард доллар гузашт
«МАЛИКАИ НАВРӮЗ — 2023». Дар Кӯлоб озмуни вилоятӣ доир карда шуд
Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии вакилони палатаи поёнии Парлумон ба анҷом расид