ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар шаклу шеваи бархӯрди кишвари ҳамсоя ҳадафу мақсадҳои дигар ниҳонанд,- Рустам Латифзода
ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон сабаби марги даҳҳо нафар сокинони осоишта гардид. Шаклу шеваи бархӯрди кишвари ҳамсоя солҳои охир бозгӯи он аст, ки дар зери ин парда ҳадафу мақсадҳои нопоки дигари он ҷониб ниҳонанд. Чунин ибрози андеша намуд ба АМИТ «Ховар» Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам ЛАТИФЗОДА.
Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон бар он бовар аст, ки «дар амалкардҳои ҷониби қирғиз танҳо масоили дохилиашон нуҳуфта нест, балки фаротар аз он аст ва имкон дорад аз ҷониби сеюм бо ҳадафҳои хос роҳандозӣ гашта, идорааш ҳам дар дасти онҳост. Зеро агар риштаи ҳалли масъала дар дасти мақомоти кишвари ҳамсоя мебуд, онҳо ҳатман ба аҳди дар назди ҳамтоёни тоҷик додаи худ вафо мекарданд. Пас чаро хулоса накунем, ки аз ин гуна шакли бархӯрд маҳз ҷониби сеюм манфиатдор аст ва онҳо аз қудратҳою ниҳодҳои мухталифи давлативу ҷамъиятии Қирғизистон суиистифода мекунанд?».
Ба гуфти мавсуф, истифода шудани техникаи вазнин ва тайёраҳои бесарнишин дар ҳуҷуми охир аз ҷониби мақомоти Қирғизистон масъаларо аёнтар ва исбот менамояд, ки агар ин иғвову низоъҳои сунъӣ пешгирӣ нашаванд, кишварҳои Осиёи Марказиро хатари ҷиддитаре дар пеш хоҳад буд. Зеро қазияи Афғонистон собит сохт, ки дар чунин ҳолатҳо кишварҳои минтақа бояд бо ҳар роҳ ба амалҳои иғвогарона сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва онҳоро пешгирӣ намоянд.
Ҳамсуҳбати мо зикр дошт, «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муноқишаю задухӯрдҳо ҳамеша аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз оғоз мешаванд. Дар натиҷа талафоти аз ҳама зиёди ҷониву молиро маҳз ҷониби Тоҷикистон мебинад. Зеро ин задухӯрдҳо ногаҳонӣ ва якбора сурат мегиранду сарҳадбонҳою мардуми осоиштаи тоҷик ба онҳо омода нестанд. Аммо тавре аз хабарҳо огоҳ мешавем, ҷониби қирғиз пеш аз чунин ҳодисаҳо ҳамеша мардуми деҳоти марзии худро ба ҷои дигари амнтар интиқол медиҳад. Ин гуна рафтори Қирғизистон нисбат ба ҳамсояи худ бешарафист».
АКС аз манбаъҳои боз








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






