ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар тӯли 12 сол дар марз бо ин кишвар 230 муноқишаи мусаллаҳона рух додааст
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 12 сол дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 230 ҳодисаи мусаллаҳона сабт шудааст. Дар ин бора дирӯз, 19 сентябр зимни брифинг муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ изҳор намуд.
«Дар 12 соли охир дар хати сарҳад [миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон] беш аз 230 ҳодиса бо истифода аз силоҳ рух додааст», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои аввал ҷониби Тоҷикистон бо дидани талафоти ҷонӣ миёни аҳолии осоишта ва низомиён аз ҳар гуна иқдоми ҷавобӣ худдорӣ мекард. «Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ борҳо маъракаи халъи силоҳи аҳолиро анҷом дод, дар ҳоле, ки ҳамсояҳои мо сиёсати тамоман дигарро пеш гирифта будаанд», — таъкид кард муовини вазир.
Вазъият дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон 14 сентябр шиддат гирифт. Даргирӣ миёни марзбонони ду кишвар бо истифода аз аслиҳаи сангин субҳи барвақти рӯзи ҷумъаи 16 сентябр аз нав шурӯъ шуда, дар ҳудуди марзи муштарак сурат гирифт. Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳамон рӯз дидору гуфтугӯ карда, дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд.
Баъдан раисони кумитаҳои амнияти ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки иқдомро барои ҷилавгирӣ аз иғво ва даргириҳо дар марз ҳамоҳанг кунанд. Аммо бино ба маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон борҳо тавофуқоти ҳосилшударо вайрон карда, ба сӯи қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла ба самти маҳалҳои аҳолинишин оташ кушодааст.
Тавре дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, бар асари тирпаронӣ 41 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 тан захмӣ шудаанд.
ДАР АКС: муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ С. Имомӣ. Акс: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






