ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Коршинос дар бораи мусоҳибаи дирӯзаи Садир Жапаров изҳори назар кард ва оҳанги гуфтори ӯро «сиёҳ» хонд

Сентябрь 24, 2022 14:53

ДУШАНБЕ, 24.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд барои ҳар ваҷаб замини худ то қатраи охирини хун мубориза барем». Чунин изҳор дошт президенти Қирғизистон Садир Жапаров дирӯз, 23 сентябр дар мусоҳиба бо агентии давлатии «Кабар».

Ин чӣ маънӣ дорад? Дар ин бора коршиноси АМИТ «Ховар», муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров чунин изҳори назар кард:

Рустам Ҳайдаров, коршинос

— Ин маънои онро дорад, ки оҳанги гуфтори Жапаров «сиёҳ» аст. Усулҳои « гуфтори сиёҳ» чунинанд: зуд-зуд такрор кардани андешаҳои худ новобаста аз мазмуну мантиқ — ин усул имкон медиҳад, ки маълумот дар шуури одамон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам хориҷ аз он мустаҳкам ҷойгир шавад.

Аз он, ки Тоҷикистон заминҳои қирғизҳоро ғасб накардааст ва муноқишаи онҳо барои заминҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Ворух сар задаааст, метавон ба хулоса омад, ки роҳбарияти Қирғизистон ё мушкилоти тафаккури мантиқӣ дорад, ё худ онҳо ҷанги девонавор ва бемаъниро «то охирин қирғиз» идома доданӣ ҳастанд.

Аз оҳанги ҷангҷӯёнаи суханони Жапаров бармеояд, ки онҳо масъалаҳои марзиро на бо усули дипломатӣ ва дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ, балки бо воситаи куштори мардуми осоиштаи тоҷик дар сарҳади Тоҷикистон ҳал кардан мехоҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 24, 2022 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд