ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Шералӣ Ризоён бар ин назар аст, ки фарзияи коршиноси қирғиз дар бораи лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон кирои танқид ҳам намекунад

Сентябрь 22, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мушоҳида кардани  ҷараёни ҷанги иттилоотӣ, ки бар асари муноқиша миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд, шумо ҷузъиёти ҷолиберо пайхас мекунед, ки онро метавон чунин баён кард: «даргириҳо ба он хотир сар задаанд, ки  санади муштарак дар мавриди оғоз намудани  сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба имзо расонида шавад».

Масалан, журналист ва коршиноси қирғиз Азиза Бердибоева маҳз ба ҳамин чиз ишора дорад: “Муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон — таърихи солҳои қадим ва марзи тақсимнашудаанд. Солҳои қаблӣ сабаби муноқиша ҳама гуна амал ё иғво аз ҳар тараф буд. Вале воқеаҳои рӯзҳои охир гӯё бе ягон замина рӯй доданд. Чӣ гуна ва чаро ин метавонад ба рӯйдодҳои сиёсии ахир рабт дошта бошад, биёед якҷоя бифаҳмем”, — менависад вай ва дарҳол меафзояд: “Муҳимтарин рӯйдод барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рӯзҳо нишасти сарони СҲШ буд, ки дар ин рӯзҳо дар Самарқанд ҷараён дорад. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ чанд санади хеле муҳим оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки яке аз онҳо Созишномаи ҳамкорӣ оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Узбекистон” дар қитъаи ҳудуди Қирғизистон мебошад.

Шералӣ Ризоён

Коршиноси мустақил, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» дар ин бора чунин гуфт:

— Ман ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин фарзия дучор шудам ва дирӯз онро як коршиноси Қирғизистон низ баён кард. Ман фикр мекунам, ки чунин партофти иттилоотӣ кирои танқид намекунад, чаро?

Аввалан, ин лоиҳа таърихи беш аз 20-сола дорад ва дар бораи он ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта сухан мерафт;

Сониян, оғози сохтмони роҳи оҳан аз сабаби тайёр набудани Қирғизистон борҳо мавқуф гузошта шуд. Баъд аз он ки Шавкат Мирзиёев президенти  Узбекистон гардид, вай ба ин тарҳ ҷараёни тоза бахшид ва музокиракунандагони ин кишвар кори бузургеро анҷом доданд. Зеро тавсеаи долонҳои нақлиётӣ яке аз ҳадафҳои ҳукумати Узбекистон аст. Аммо пас аз ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 дар Қирғизистон, он чизе, ки тарафҳо дар моҳи сентябри соли 2022 ба хулоса омада буданд, метавонист пештар имзо шавад;


Ва солисан, дар фазои иттилоотии Қирғизистон матолибе мунташир шудаанд, ки аз майл надоштани бахше аз нухбагони сиёсии ин кишвар барои роҳандозии ин лоиҳа сухан меравад. Зеро дар Қирғизистон гурӯҳҳои муайяни бонуфузе ҳастанд, ки мухолифи пайдоиши роҳи оҳани Узбекистон-Қирғизистон-Чин ҳастанд. Чунки даромаде, ки ҳоло онҳо мегиранд, метавонад аз байн равад. Танҳо дар чаҳор сол 10 миллиард доллар аз байн рафт, ки омори содироту воридоти Чин ва Қирғизистон аз ин шаҳодат медиҳад.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 22, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд