Ба шарафи Рӯзи Рӯдакӣ дар Институти илмҳои гуманитарӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Сентябрь 21, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Унсурҳои худогоҳӣ дар осори бозмондаи Рӯдакӣ» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конфронс олимону муҳаққиқон ва дӯстдорони илму адаб иштирок намуда, вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти эҷодии Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ ва ақидаҳои ҷаҳоншиносии Одамушшуаро сухан гуфтанд.

Инчунин аз тарафи магистрантони Институти мазкур аз осори гаронбаҳои Рӯдакӣ порчаҳои алоҳида қироат шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз   дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу  нимпайкараҳои Абӯабдулло  Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона  ва маҳфили шеърхонӣ,   дар факултаҳои филологии донишгоҳҳои мамлакат, муассисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, ҳамоишу машварат ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб шуда, нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик эътироф шудааст. Муҳимтарин хизмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хизмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.

Яке аз муҳаққиқони номвари адабиёти классикӣ, муаллифи «Тазкират-ул-шуаро» Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ чунин менависад: «Ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфту устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд. Ва  қабл аз вай шоире соҳибдевон бошад, нашнидаем. Пас воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод намоем».

Ашори  Рӯдакӣ инсонро водор месозад, ки бояд дар ҳама кор ва зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Яке аз хидматҳои беҳамтову безаволи устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудааст. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин кори андак нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навовариҳои эҷодиёти  устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазорон сол ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.

АКС: Институти илмҳои гуманитарии АМИТ

Сентябрь 21, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд