БА ТАВАҶҶУҲИ САЙЁҲОН! Душанбе дар раддабандии арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои истиқомати хориҷиён дар сегонаи аввал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати байналмилалии машваратии Mercer бар асоси арзиши зиндагии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои ҷаҳон раддабандӣ тартиб додааст. Ҷойҳои якум ва сеюмро мутаносибан пойтахтҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ишғол кардаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «CentralAsia» иттилоъ додааст.
Ба «сегона»-и аввали шаҳрҳои арзонтарин барои истиқомати хориҷиён, ба ҷуз аз Бишкек ва Душанбе Анқара низ роҳ ёфтааст. Ба даҳгона инчунин Алҷазоир, Тунис, Истанбул, Карочӣ, Исломобод, Алмаато ва Тошканд шомиланд.
Гонконг аз ҳама гаронтарин шаҳр барои зиндагии хориҷиён эътироф шудааст. Ба даҳгонаи гаронарзиштарин шаҳрҳо Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио, Пекин ва чаҳор шаҳри Швейтсария: Сюрих, Женева, Базел ва Берн шомиланд.
Раддабандӣ дар асоси назарсанҷии мутахассисони хориҷӣ, ки дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон кор мекунанд, таҳия шудааст. Муаллифони пажӯҳиш ба шаҳрҳо дар асоси арзиши беш аз 200 молу хидмат, аз ҷумла арзиши иҷораи манзил, нақлиёти ҷамъиятӣ, ғизо, либос ва фароғат баҳо додаанд.
Барои боздид аз Тоҷикистон пули зиёд лозим нест, ҳарчанд ки ин аз интихоби хизматрасонӣ вобаста аст, қаблан навишта буд сомонаи «Ansor». «Ба ҳисоби миёна утоқҳои меҳмонхонаи муқаррарӣ дар пойтахти Тоҷикистон барои як шабонарӯз 50-80 доллар арзиш доранд. Аммо барои ғизо дар як рӯз шумо метавонед ба ҳисоби миёна 10-20 доллар сарф кунед, барои хароҷоти сафар вобаста ба масофаи роҳ дар як рӯз то 20-50 доллар лозим аст», — навиштааст нашрия.
Ба гуфтаи муаллиф, барои як сайёҳ дар як рӯз 100-200 доллари амрикоӣ зарур меояд. «Агар шумо пулро моҳирона сарф кунед, пас барои дидани ҷойҳои ҷолиби Тоҷикистон давоми ду ҳафта 500-1000 доллари амрикоӣ кифоя аст», -чунин меҳисобад ӯ.
АКС: meetup.com








Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






