Дабири кулли СММ Ивана Живкович аз Хорватияро муовини мудири Барномаи рушди СММ таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи ҷумъаи 9 сентябр Ивана Живковичи хорватиро муовини Дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи рушди СММ /БРСММ/ ва директори Бюрои минтақавии Барномаи рушди СММ оид ба Аврупо ва ИДМ таъйин намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Синхуа.
Ивана Живкович дар ин мақомҳо Миряна Сполярич Эггер аз Швейтсарияро иваз кард, ки раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх интихоб шуд, омадааст дар хабари матбуотии ниҳоди А.Гутерриш.
И.Живкович дипломати баландпоя буда, дар айни замон вазифаи директори генералӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва ҳамкории рушдро дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Аврупои Хорватия ишғол мекунад. Вай дар Донишгоҳи Загреб дараҷаи магистр дар иқтисодиёти байналмилалиро соҳиб гардидааст.
Акс: СММ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






