Дар Чин бар асари заминларза беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд

Сентябрь 6, 2022 10:23

ДУШАНБЕ, 06.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониён заминларза бо шиддати  6,8 балл, ки дирӯз, 5 сентябр дар вилояти Сичуани Чин рух дод, ба 46 нафар расид ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад.

Дар натиҷаи заминларза бо шиддати 6,8 балл, ки рӯзи  душанбе дар вилояти Сичуани Чин рух дод, 46 нафар ҳалок шуданд. Ҷасади 29 нафар дар ҳавзаи мухтори Гардзе-Тибет ва 17 нафар дар ҳавзаи шаҳрии Яан пайдо карда шуд. Зиёда аз 50 нафар маҷрӯҳ шуда, 16 нафари дигар бедарак гардидаанд.

Дар маҷмӯъ беш аз 50 000 нафар дар ҳавзаи мухтори Гардзе-Тибет ва ҳавзаи шаҳрии Яан муваққатан ҷойгир карда шудаанд.

Ба иттилои телевизион, дар вилоят роҳҳо, хатҳои барқ ​​ва зерсохтори иртибототӣ вайрон шудаанд. Зарардидагон дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи афроди зери харобаҳоро идома медиҳанд.

Маркази зилзилашиносии Чин дар ҳавзаи мухтори Гардзе-Тибет, ки дар он беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, такконҳои зеризаминии ба қайд гирифт. Маркази заминларза дар ноҳияи Лудин дар умқи 16 километр ҷойгир будааст.

Акс:ЕРА

Сентябрь 6, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид