Дар Душанбе ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин оғоз ёфт

Сентябрь 22, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи XXV Шӯрои байниҳукуматии ИДМ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замин оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Анварӣ хабар дод.

Дар кори ҷаласа намояндагони ваколатдор ва коршиносони ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони мақомоти геологияи ИДМ ҷараёни иҷрои «Нақшаи дурнамои ҳамкорӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои иштироккунандаи ИДМ» ва қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXIV Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил 20-21 октябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид ва раёсат дар соли 2022 ба таври расмӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон вогузор шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад