Дар Душанбе доир ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷамъомад баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ҷамъомад баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Дар ҷамъомад иштирокдорон баён доштанд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои миллат мебошад. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти мамлакат, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмӯъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд.
Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар давлат, пеш аз ҳама, кадрҳои ҷӯяндаю навовар ва содиқу бунёдгар заруранд. Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон низ аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар баробари маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ дар ҷамъомад инчунин қадршиносии хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ аз мақомоти давлатӣ, қадрдонӣ бо рутбаҳои тахассусӣ ва мукофотҳои соҳавӣ бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ низ қироат шуда, инчунин маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ барои фаъолият шурӯъ намудаанд, баргузор шуд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ










35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






