Дар Душанбе мусобиқаи мини-футбол барои дарёфти Ҷоми Вазорати корҳои хориҷӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи мусобиқаи мини-футбол миёни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими пойтахт барои дарёфти Ҷоми Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим мусобиқаи мазкурро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Сипас бозиҳои аввалини мусобиқа дар ду гурӯҳ миёни дастаҳои мини-футбол оғоз гардиданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон, Эрон ва дастаҳои созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ду дастаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Мусобиқа аз 1 то 4 сентябр идома меёбад.
Акс: ВКХ ҶТ










Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






