ДАР ИДМ ҲАМТО НАДОРАНД. Дмитрий Волвач мактабҳои русиро дар Тоҷикистон беназир унвон кард
ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон — тарҳи нодирест, ки дар кишварҳои ҳамсоя ҳамто надорад. Тавре агентии иттилоотии Sputnik менависад, дар ин бора муовини Вазири рушди иқтисоди Россия Дмитрий Волвач, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории Россия ва Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, изҳор намуд.
Волвач аз ду мактаби нави мамлакат — ба номи Юрий Гагарин дар Душанбе ва ба номи Антон Чехов дар Хуҷанд дидан намуд.
«Ифтитоҳи мактабҳо барои мо лоиҳаи беназирест, ки дар тамоми ИДМ ҳамто надорад. Мавҷудияти он барои кишварҳои мо қадами муҳим ба шумор меравад»,- иқтибос меорад суханони ӯро хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Россия.
Ӯ зимни сафар таъкид дошт, ки Россия ба кор бо насли наврас диққати ҳамаҷониба медиҳад.
«Ин имкон медиҳад, ки марзҳои боварӣ миёни давлатҳоямон васеъ карда шаванд, шароит ба вуҷуд меорад, ки мардумони Россия ва Тоҷикистон боз ҳам наздиктар гашта, кӯдакон дар рӯҳияи эҳтиром ва таваҷҷуҳ ба фарҳанги ду кишвар ва дастовардҳои онҳо тарбия ёбанд»,-изҳор дошт муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода 5 мактаби нав бо иқтидори ҷойгиркунии 1,2 ҳазор нафар кӯдакон сохта шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Россия Владимир Путин 1 сентябр ин муассисаҳоро ба тариқи онлайн ифтитоҳ карданд. Таълим дар мактабҳо ба меъёрҳои федералии давлатии таълимии Россия мувофиқат мекунад.
Маълум аст, ки синфҳои нав мувофиқи таҷрибаи пешқадами ташкили раванди таълим ҷиҳозонида шуда, ба талаботи баландтарини бехатарии сейсмикӣ ҷавобгӯ буда, ба заминларзаи 9-балла тобовар мебошанд.
АКС: РИА Новости








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






