Дар Муъминобод бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода машқи тактикӣ гузаронида шуд
МУЪМИНОБОД, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 27 сентябр бо ибтикори кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Муъминобод машқи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Дар ҷараёни машқи мазкур дар ҳамаи деҳаҳо ва маркази ноҳия ҳашарҳои дастҷамъона ташкил карда шуда, роҳраву ҷӯйборҳои паҳлӯи роҳҳо ва ҷӯйю сойҳо тоза ва корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд.
Дар ноҳияи Муъминобод 13 сой мавҷуд аст, ки ба онҳо ҳамасола хатари омадани сел таҳдид менамояд.
Дар машқи тактикӣ сокинони деҳаи Ҳанатарош, ки бар асари шартан омадани сел дар минтақаи хавф қарор доштанд, бо садои бонги хатар ва ҷалби техникаю лавозимоти мавҷуда кӯчонида шуданд. Дар тахлияи аҳолӣ тамоми зерсохтор фаъолияти хуб нишон дода, дар муҳлати кӯтоҳ сокинонро бо нақлиёт таъмин намуда, ба мавзеи бехавф кӯчониданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷои бехавф шаҳрчаи хаймавӣ ташкил намуда, сокинонро дар хаймаҳо ҷо ба ҷо намуд. Ба шахсони аз сел зарардида кумаки тиббӣ расонида шуд. Кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар чанд минтақа оташи сарзадаро хомӯш ва молу амволи шаҳрвандонро аз талафёбӣ наҷот доданд. Чорвои аҳолӣ низ ба ҷои бехавф интиқол дода шуда, байторон ба баъзе ҳайвонҳо ваксина гузарониданд.
Тавре корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия Талабшо Назарзода иттилоъ дод, мақсад аз баргузории машқи тактикӣ- ин дар ҳолати омодабош қарор додани мардум ҳангоми омадани сел ва ё дигар офати табиӣ мебошад.
Дар анҷоми машқи мазкур роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ноҳия ба иштирокчиёни фаъоли машқи тактикӣ сипоснома супориданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






