Дар Ҷопон имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Сентябрь 1, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва технологияи Ташкилоти СММ оид ба рушди cаноат (ITPO Tokyo, UNIDO) роҷеъ ба муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Ҷопон вебинар баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо сухани ифтитоҳӣ вебинарро оғоз бахшида, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо рӯнамо дар бораи имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе дар барои фаъолияташ дар Тоҷикистон ва инчунин намояндаи корхонаи муштараки “Авалин” баромад намуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони қариб 100 корпоратсия, корхонаҳои бузург ва доираҳои сармоягузории Ҷопон ширкат варзиданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 1, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна