Дар Шаҳристон бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ гардид

Сентябрь 17, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод ва Раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, сохтмони бино дар муддати як сол ба анҷом расонида шуда, майдони умумии ҷудогардида 688 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ 20 ҷойи нишаст дошта, дар китобхона 1000 адад адабиёти гуногун ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм — қабулгоҳ ва 3 утоқи корӣ барои кормандон ҷойгир буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон таҷҳизонида шудаанд.

Ҳамчунин атрофи бино майсазору гулзор карда шудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 17, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад