Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «I» мақоми аввалро ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Тӯбҳои задаи Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба дастаи мо пирӯзии муҳим оварданд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I». Даври 3
ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа – 2:1
Голҳо: Амадонӣ Камолов, 58 (1:0). Сокнет Хав, 64 (1:1). Бежан Нишонбойзода, 79 – аз пеналтӣ (2:1).
18 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5000 тамошобин.
Лубнон – Сингапур – 6:1
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






