ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Вазорати мудофиа ҷаласа оид ба омодагӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз мегардад. Ба ин муносибат бо иштироки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷамъомаду ҳамоишҳои гуногуни пеш аз даъватӣ баргузор гардиданд.
Тавре дар Вазорати мудофиаи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласае, ки бо ҷалби комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойгоҳи қисми низомии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид, дар он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» иҷрои талаботи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо иброз намуд, ки «вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо менамояд. Баланд намудани иқтидори мудофиавии мамлакат ба таҳкиму тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ вобастагӣ дорад».
Супориши қатъӣ дода шуд, ки масъулини ин чорабинии муҳими сиёсӣ, пеш аз ҳама, ҳамкориро бо мардум ҷоннок намуда, ба масоили ташкилу ба роҳ мондани сифати даъват диққати аввалиндараҷа диҳанд ва дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми шароити заруриро барои ҳайати комиссияҳои даъватӣ муҳайё созанд. Илова бар ин, дастур дода шуд, ки вобаста ба муроҷиати мардум дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда сари вақт қарори дахлдор қабул намоянд.
Таъкид гардид, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ташхису муоинаи тиббӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари фарзандони шахсони мансабдор, пешгирӣ аз ҷинояту роҳҳои ғайриқонунии даъват, омода кардани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, риояи дурусти пӯшидани сару либоси низомӣ, ташкилу роҳандозӣ намудани дарсу машғулияти соҳавӣ ва ба масоили муомилаву муносибати хуб бо шаҳрвандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ки ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро интихоб ва ба сафи Артиши миллӣ равона созанд.
Дар ҷаласа ба масъулини раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ ва фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ба масоили қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, ба онҳо вобаста намудани афсарону сержантони ботаҷриба, ғамхорӣ зоҳир намудан ба сарбозони ҷавон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани барномаву машғулияти дарсии «Ҷанговари ҷавон» ва пурра таъмин намудани навдаъватшудагон бо тамоми шароити хизмативу майишӣ ва таълимӣ тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин фаъолияти рӯзмарраву хизматии афсарону сарбозон ва дар маҷмӯъ зерсохторҳои худро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






