«Давлати исломӣ»* масъулияти ҳамлаи террористиро дар назди Сафорати Русия дар Кобул бар уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»* масъулияти ҳамлаи террористиро дар назди Сафорати Русия дар Афғонистон бар уҳда гирифт. Дар ин бора аггентии иттилоотии «РИА Новости» хабар медиҳад.
Таркиш дар наздикии бинои шуъбаи консулии намояндагии дипломатии Русия рух додааст. Террористи маргталаб таҷҳизоти тарканда ба кор даровардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду корманди сафорат ва якчанд сокинони Кобул ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои корманди полиси Афғонистон Холид Задрон, ҷинояткор мехост дар ҷамъи омма таркиш ба амал орад, аммо барои ин фурсат наёфт. Полисҳо ба ҷониби ӯ пештар оташ кушоданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли равон Вазири мудофиаи ФР Сергей Шойгу иттилоъ дод, ки вақтҳои охир шумораи террористони «Давлати исломӣ»* дар Афғонистон ду маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ӯ зимни вохӯрӣ бо ҳамтои британиягияш Бен Уоллес изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. Илова бар ин, Вазири мудофиаи ФР аз эҳтимоли аз ҷониби террористон истифода шудани силоҳҳое, ки неруҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон гузоштаанд, изҳори нигаронӣ кард.
Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин бора ҳушдор дода буданд. «Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст,-зикр намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ охирҳои моҳи сентябри соли сипаригардида,- Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд».
______________________
*Ташкилоти террористӣ, ки дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ эълон карда шудааст
АКС аз бойгонии ТАСС








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






