Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Сентябрь 20, 2022 17:19

ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти табодули иттилоот, инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар расонаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имрӯз зимни мулоқоти Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон баррасӣ гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки Арабистони Судӣ яке аз аввалинҳо шуда, моҳи январи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва имсол ба истиқрори муносиботи дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд. Ҷонибҳо рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар ҳамаи соҳаҳо, махсусан дар самтҳои иқтисодию фарҳангӣ таъйид ва дар ин бобат нақши робитаҳои дӯстонаи Сарони ҳарду давлатро муҳим арзёбӣ намуданд.

Бо назардошти таҷрибаи бою ғании ҷониби Арабистон, умед карда шуд, ки тарғибу ташвиқи маконҳои сайёҳӣ, обҳои мусаффо ва шифобахш, табиати хушманзару мавзеҳои таърихии Тоҷикистон дар расонаҳои саудӣ самаранок амалӣ мегардад.

С.Сиддиқ бо баёни шарҳи кутоҳ дар бораи таърихи фаъолияти АМИТ «Ховар» ва вазъияти мураккаб дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон, ки аз таҷовузи мусаллаҳонаи кишвари ҳамсоя ба миён омада, боиси андӯҳи садҳо нафар гардидааст, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии давлатии Арабистони Саудиро барои ҳарду давлат манфиатнок номид.

Зикр карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи созишномаи ҳамкориро дар ин робита таҳия ва бо роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Арабистони Саудӣ пешниҳод намудааст. Мавриди амал қарор гирифтани созишномаи мазкур дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими ҳарду давлат ва тарғибу ташвиқи дастовардҳо заминаи амиқ хоҳад гузошт.

Сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки баҳри роҳандозии робитаҳои иттилоотӣ ва ҳамкории расонаӣ мусоидат хоҳад кард. Номбурда таъкид намуд, ки аз ҳодисаҳои ахиран рухдода дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси марги даҳҳо шаҳрванди мулкӣ гардид, аз нишасти хабарии баргузорнамудаи Вазорати корҳи хориҷии Тоҷикистон, ки шахсан иштирок карда буд, хабардор аст ва умед мебандад, ки тамоми масъалаҳои баҳсноки байнидавлатӣ бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасли худро хоҳанд ёфт.

Бино ба суханони Сафир, муносибатҳои дуҷонибаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон аллакай таърихи 30-сола доранд, вале ҳануз иқтидорҳои истифоданашуда дар ҳамаи соҳаҳо зиёданд. Сафорат ва ҳайати дипломатҳои Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баҳри татбиқи онҳо пайваста талош хоҳанд кард.

Дар ҷараёни мулоқот корманди масъули ВКХ ҶТ Сайдамир Мирзоев низ иштирок дошт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2022 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд