Дурнамоии рушди муносибати Тоҷикистон ва Молдова баррасӣ гардид

Сентябрь 30, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар шаҳри Кишинёв мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова Давлаталӣ Назризода бо Котиби давлатӣ — муовини Вазири иқтисод ва инфрасохтори Молдова, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ Вадим Гумене сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Молдоваро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, афзоиш додани табодули мол, мустаҳкам кардани пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 30, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд