ФИЛМИ МУСТАНАДИ «МОРХӮР». Он табиати нотакрори Тоҷикистонро бо мақсади ҷалби сайёҳон инъикос менамояд
ДУШАНБЕ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон ва ҳайвони нодири он- бузи пармашох, ки миёни сокинони маҳаллӣ бо номи морхӯр маъмул аст, таҳти унвони «Морхӯр» филми мустанад таҳия менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.
Наворбардорӣ, банду баст ва танзими филм ба анҷом расида, олами набототу ҳайвонот, инчунин манзараҳои зебои табиати нотакрори Тоҷикистон рӯйи пардаи кино ҷилвагар гардидаанд.
Бузи пармашох, ки яке аз ҳайвонҳои нодири кишвар маҳсуб ёфта, дар мамнуъгоҳи «Даштиҷум», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон сукунат дорад, дар маърази асосии филм қарор гирифтааст.
Гурӯҳи эҷодию техникии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тарзи зисти ин ҳайвони нодир, кӯҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои дилфиреб ва дараву макони хушобу ҳавои ин гӯшаи диёр –Дашти Ҷумро наворбардорӣ намудаанд, ки дар пардаи филм хеле ҷолиб инъикос шудаанд. Филм бо се забон таҳия гардидааст.
Ҳадафи таҳияи филми мустанад- ифшои розҳои нуҳуфтаи табиати нотакрори Тоҷикистон ва олами бойи набототу ҳайвонот бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон арзёбӣ мегардад.
Морхӯр ё бузи кӯҳӣ (номи илмӣ: лот. Capra falconeri) — ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшиест аз ҷинси буз. Номи морхӯр, ки дар забонҳои форсӣ, урду, пашту, панҷобӣ ва кашмирӣ номи ин ҷонвараст, баргирифта аз боварҳои маҳаллӣ аст, ки ин ҷонвар морҳоро кушта ва онҳоро мехӯрад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






