ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор вохӯрии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 бар нафъи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Голи ягонаи ғалабаоварро дар ин рақобати ҷолиб дар дақиқаи 78-ум ҳимоятгар Далер Имомназаров аз зарбаи ҷаримавӣ вориди дарвозаи меҳмонон намуд. Вохӯрии дигари марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бидуни гол — 0:0 ба охир расид.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ҷавобии дастаҳо 15-16 октябр баргузор мегарданд.
Марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон. Бозии аввал
«Истиқлол» — «Эсхата» — 1:0
Гол: Далер Имомназаров, 78
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Далер Имомназаров («Истиқлол»).
Корти зард: Глеб Грачев («Истиқлол»), Иброҳимхон Эшонхонов, Абдураҳмон Узоқов, Ойбек Абдуғаффоров («Эсхата»).
15 сентябр. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






