ФУТБОЛ. Петр Сегрт ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро барои ширкат дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2022» эълон кард
ДУШАНБЕ, 18.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати дастаро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки аз 22 то 25 сентябр дар шаҳри Чианг Майи Тайланд баргузор мешавад, эълон кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯйхат 23 бозигар, аз ҷумла 11 легионер, 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Чианг Май мунтахаби Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари даври 1/2 ниҳоӣ дастаҳои Тайланд ва Малайзия бо ҳам рақобат менамоянд. Бозиҳои 1/2 ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25 сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» сурат мегиранд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Динамо-Авто», Молдова), Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (AГМК, Ӯзбекистон), Эҳсони Панҷшанбе («Зуб Оҳан», Эрон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Амадонӣ Камолов («Паракуэлос Антамира» Испания), Муҳаммадҷон Раҳимов, Парвиз Бокӣ-Охунов (ҳарду – «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Шервонӣ Мабатшоев («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022»
Даври 1/2 ниҳоӣ
22 сентябр (панҷшанбе)
15:30 – Тринидад ва Тобаго – ТОҶИКИСТОН
18:30 – Тайланд – Малайзия
25 сентябр (якшанбе)
15:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
18:30 – Финал
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






