Гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон аз корхонаҳои Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия дидан намуд

Сентябрь 15, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон зимни  сафари корӣ дар шаҳри Истанбул аз корхонаҳои минтақаи муташаккили саноатии Deri OSB – Ассосиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия,ки дар минтақаи Аврупо аз лиҳози шаҳомат ва ҳаҷми истеҳсол дар мақоми дуюм ва дар ҷаҳон дар даҳгонаи азимтарин ширкатҳои коркарди пӯсту чарм қарор дорад, дидан намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Ёдовар мешавем, ки   сафари кории ҳайати соҳибкорони  вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳрамонмараш, Бурса ва Истанбул дар Ҷумҳурии Туркия аз 11 то 18 сентябр ҷараён мегирад.

Ноиби Президенти Ассотсиатсияи коркардкунандагони пӯсти Туркия Муҳиттин Савраноглу зимни шиносоӣ ба Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонаш иттилоъ дод, ки корхона дар як сол пӯсти то 7 миллион сар чорвои калон ва қариб 50 миллион сар чорвои хурдро мавриди коркард қарор медиҳад. Соли 2021 ба маблағи 962 миллион доллари амрикоӣ аз хориҷи кишвар пӯст харидорӣ шудааст.


Теъдоди корхонаҳои коркарди пӯст дар Туркия ба 539 адад расида, аз 14 минтақаи саноатие, ки ба коркарди чарм машғуланд, корхонаҳои 6 минтақа маҳсулоташонро ба хориҷа содирот мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳои коркарди пӯсти Туркия 10 ҳазору 780 нафар фаъолият мекунанд.

Зикр шуд, ки соли 2021 корхонаҳои пӯсту чарми Туркия ба маблағи як миллиарду 726 миллион доллар маҳсулот содирот намудаанд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки соли 2021 Туркия аз Тоҷикистон ба маблағи 4 миллиону 931 ҳазор доллар ва дар нимаи якуми соли равон ба қадри қариб 3 миллион доллар пӯсти сабз барои коркард харидорӣ кардааст. Дар баробари ин соли гузашта ба маблағи қариб 3 миллион доллар ва дар нимаи якуми соли равон дар ҳаҷми қариб 3 миллион доллар пойафзол ва қисмҳои онро ба Тоҷикистон содирот шудааст.

Ҳамчунин дар доираи сафари ҳайати кории вилояти Хатлон дар Ҷумҳурии Туркия вохӯрии Раиси вилояти Хатлон ва гурӯҳи соҳибкорони тоҷик бо роҳбарияти Палатаи савдои ин шаҳр доир гардид.

Ноиби президенти Палатаи савдои шаҳри Газиантеп хонум Эмине   Ферҳан изҳор дошт, ки дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия феълан фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудаанд.

Қурбон Ҳакимзода зикр кард, ки вилояти Хатлон ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию иҷтимоӣ бо манотиқи Туркия, аз ҷумла шаҳри Газиантеп алоқаманд мебошад.

«Бо назардошти имконияти рушди соҳаи саноати сабук Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик коркарди пахтаро дар дохили кишвар пурра ба роҳ монад. Инчунин аз ҷониби Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад гузошта шудааст, ки аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти дӯхти ватанӣ таъмин намоем. Мо медонем, ки то чӣ андоза соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Туркия рушд кардааст ва омодаем дар ин самт ҳамкорӣ намоем», — гуфт Раиси вилояти Хатлон.

Дар ҳошияи мулоқот рӯнамоии имконияти иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Газиантепи Туркия сурат гирифта, намояндагони доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар доир ба самтҳои алоҳидаи ҳамкорӣ табодули назар карданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода ва ноиби президенти Палатаи савдои Газиантеп Эмине Ферҳан дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси минтақаҳои муштараки сармоягузорӣ санад ба имзо расониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 15, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Роҳҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва коркарди нахи пахта дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Чин масъалаи вазъи заминҳои шӯр ва ишқордор баррасӣ шуд
Ангури хуштаъми Тоҷикистон дар бозорҳои шаҳри Самара ба фурӯш гузошта шудааст
Рақамикунонии соҳаи замин дар Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Осиё баррасӣ шуд
Сармоягузорони Чин бо субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар беш аз 189 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шуд
Иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва Чин дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад