МАҲКУМИЯТИ 10-СОЛА БАРОИ САРКАШӢ АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. Думаи давлатии Федератсияи Россия ба ҷазо барои ҷиноят дар замони ҷанг тағйирот ворид намуд

Сентябрь 21, 2022 13:59

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Думаи давлатии Россия 19 сентябр ислоҳоте ворид намуд, ки муҷозот барои ҷиноят дар замони ҷангро шадидтар мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, матни тағйирот дар сомонаи палатаи поёнии Россия нашр гардидааст.

Думаи давлатӣ фавран дар хониши дуюм ва сеюм бо як овоз лоиҳаи қонун дар бораи маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол барои супоридан ба асорати ихтиёрӣ ва то 15 сол барои ғоратгарӣ дар замони ҷангро қабул кард.

Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ба Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия мафҳумҳое, аз қабили «ҳолати низомӣ», «сафарбарӣ», «замони ҷанг» ва «даргириҳои мусаллаҳона» ворид карда шаванд.

Бино ба ташаббуси вакилон, инчунин пешниҳод шудааст, ки барои саркашӣ аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ зиндонӣ карда шаванд. Бо пешниҳоди вакилон, масъулияти ҳадди баланд барои ин амал то се соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Илова бар ин, дар ин тағйирот омадааст, ки барои ҳозир нашудан ба хизмати ҳарбӣ ҳангоми даъват ё фирор аз хизмати ҳарбӣ ҷазо дар намуди то 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ дар назар аст.

Муайян карда мешавад, ки ислоҳотро вакилони тамоми фраксияҳои Дума омода кардаанд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 21, 2022 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид