Маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 октябр дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузаранд. Маросими ифтитоҳи расмӣ ва пӯшидашавии он дар Театри давалатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир ва ҳамзамон дар доираи он дар мавзӯи «Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад.
Ин матлаб 23 сентябр дар Вазорати фарҳанги мамлакат зимни баргузории ҷаласаи муштараки кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси куматаи тадорукот Матлубахон Сатториён баён гардид.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳайати кумитаи тадорукот Раиси кумитаи тадорукот, муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси кумитаи тадорукот, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Вазири фарҳанг — котиби кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дохил мешаванд.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки «ин ҳамоиш бори аввал аст дар ҷумҳурӣ бо ибтикор ва ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва дар қабулу гусели иштирокчиён аз мо масъулияти баланди ташкилиро бозиҳоро талаб менамояд».
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зикр дошт, ки «дар Бозиҳои XVI Делфӣ зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ва 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ иштирок мекунанд».
Бозиҳо аз рӯи 7 номина- фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва 3 барномаи фестивалӣ доир гардида, чорабиниҳо дар толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг гузаронида мешаванд.
Дар назар аст, ки иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», Майдони «Истиқлол» ва Боғи «Ирам» дидан намоянд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд






