«МАВЛОНО-МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО». Дар Душанбе таҳти чунин унвон конфронси байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҳти унвони «Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» бо иштироки донишмандони ватаниву хориҷӣ Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзанди як миллат, минтақаи ҷуғрофӣ ва ё давраи мушаххас набуда, балки андешаи ӯ ба кулли бани башар ва наслҳои замони худу имрӯзу фардои инсоният созгору мувофиқ аст.
«Таълимоти ӯ ҳидоятгари роҳи рост, андешаи дуруст, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ваҳдату инсондӯстӣ ва саодати ҳамешагии кулли одамон аст. Ҳамин аст, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон, новобаста аз қавму миллат ва дину оин пайравон ва мухлисону пажӯҳандагони осори ӯ аз таълимоташ баҳра мегиранд ва насли имрӯзи инсониятро ба роҳи саодати башарӣ ҳидоят менамоянд. «Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ном гирифтани конфронси имрӯза низ ба ҳамин мантиқ аст»,- гуфт Директори китобхона.
Ҷумахон Файзализода оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти саромадони адабу фарҳанги форсу тоҷик иброз дошт, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гиромидошти фарзонафарзандони миллат, ниёгони арҷманд ва шоирону нависандагони халқи тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар замони басо мушкили вазъи сиёсии ҷаҳон ва бархӯрди тамаддунҳо, ки сабаби аз миён рафтани унсурҳои бунёдии инсонӣ, аз қабили ваҳдату ҳамдилӣ ва инсондӯстиву хирадпарварии башарият гардидааст, баррасии таълимоти ваҳдатофар ва сулҳҷӯёнаи Мавлонои бузург дар ҳамбастагии инсонҳо ва барқарории суботу амният дар ҷаҳони нақши калидӣ дорад. Маҳз раванди бархӯрди манфиатҳо ва худкомагии баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ донишмандон ва аҳли фазлу хирадро водор месозад, ки аз дарсҳои инсондӯстӣ ва ҳамдиливу сулҳҷӯёнаи ниёгони фарҳехтаамон баҳра бурда, насли имрӯзи башариятро ба роҳи рост ва андешаи дуруст ҳидоят намоянд. Бешубҳа, дар ин росто таълимоти Мавлонои бузург сарчашмаи боэътимод ва роҳу равиши дуруст мебошад.
Ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи гиромидошти орифи барҷаста Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил мешавад. Ҳамоиши имрӯза низ ба ин санаи муборак бахшида шуд.
АКС: Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод






