Намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа ҷиҳати пешбурди рӯзномаи оби Тоҷикистон вазифагузорӣ шуданд

Сентябрь 17, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода барои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ дар хориҷа бахшида ба Конфронси дарпешистодаи СММ оид ба об дар моҳи марти соли 2023 брифинг баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ҳамраисони Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамӯҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» фаъолият хоҳад кард.

Илова бар ин, ба намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди рӯзномаи оби Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор супоришҳои дахлдор дода шуданд.


Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 17, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд