Намояндаи расмии Сафорати ҶМЧ дар Қирғизистон: «Баъзе ВАО маънии суханронии сафирро бадқасдона таҳриф кардаанд»

Сентябрь 22, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр ба хотири таҷлили 73-юмин солгарди таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафорати ин кишвар дар Ҷумҳурии Қирғизистон конфронси илмию амалӣ баргузор намуд.

Сафири Чин дар Қирғизистон Ду Дэвэн (ДАР АКС) бо намояндагони доираҳои гуногуни ҷомеаи Қирғизистон оид ба дастовардҳои рушди Чин ва муносибатҳои Чину Қирғизистон табодули дӯстонаи афкор анҷом дод.

Сафир Ду Дэвэн зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳоло миёни Чин ва Қирғизистон ягон масъалаи ҳалношудаи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ҳарду кишвар дӯстону шарикони боэътимод мебошанд. Ҷонибҳо аз рӯи масъалаҳои калидие, ки ба манфиати ҳарду мамлакатанд, якдигарро қатъиян дастгирӣ мекунанд. Ҷониби Чин ҷониби Қирғизистонро дар интихоби мустақилонаи роҳи рушд мутобиқи воқеияти миллӣ дастгирӣ намуда, сиёсату тадбирҳои ҳукумати Қирғизистонро ҷиҳати ҳифзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва рушди иқтисодӣ дастгирӣ мекунад. Ҷониби Қирғизистон ба принсипи Чини ягона содиқ буда, мавқеи Чинро дар масъалаҳои марбут ба Шинҷон, Тайван ва Ҳонконг қатъиян дастгирӣ ва аз талошҳои ҷониби Чин барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва манфиатҳои рушд пуштибонӣ мекунад.

«Мутаассифона, рӯзи гузашта бархе аз расонаҳо ҳангоми овардани иқтибос суханронии дар боло зикргардидаи сафирро таҳриф намуда, маънои суханро бадқасдона дигар кардаанд. Яке аз расонаҳо ҳатто дар мавзӯи «Чин аз Қирғизистон дар ҳифзи қаламраваш дар даргириҳо бо Тоҷикистон ҳимоят кард» матлаби қалбакӣ нашр кардааст. Бархе расонаҳои хабарӣ талош доранд, ки равобити дӯстонаи Чин бо Қирғизистону Тоҷикистонро таҳрик дода, сулҳу субот дар минтақаро халалдор созанд»,-омадааст дар изҳороти намояндаи расмии Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Қирғизистон.

Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамсояҳои дӯст ва шарикони стратегии ҳамаҷонибаи Чин мебошанд. Ҷониби Чин самимона изҳори умедворӣ мекунад, ки тарафҳо дар асоси эҳтироми якдигар ва машваратҳои дӯстона ихтилоф ва зиддиятро ба таври зарурӣ ҳал ва бо кӯшишҳои муштарак сулҳу суботро дар минтақа муҳофизат карда метавонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 22, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд