«ПЕШРАФТ- БАРОИ МАМЛАКАТ ВА ТАМОМИ ҶАҲОН». Маҷаллаи «Деловая Россия: промышленность, транспорт, социальная жизнь» оид ба стратегияи рушди Тоҷикистон мақола ба нашр расонид

Сентябрь 14, 2022 16:50

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии маҷаллаи федералии «Деловая Россия: промышленность, транспорт, социальная жизнь» (№ 7-8 – июл-августи соли 2022) ба нашр расид, ки дар он таҳти сарлавҳаи «Пешрафт — барои мамлакат ва тамоми ҷаҳон» дар бораи стратегияи рушди Тоҷикистон мақола чоп шудааст.

Дар зер шакли пурраи мақоларо пешкаши хонандагони АМИТ «Ховар» мегардонем.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992 дар асоси Протокол дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар барқарор шудаанд.

То имрӯз бо Русия беш аз 290 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шудаанд, ки ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, низомию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра танзим мекунанд.

Ҳуҷҷатҳои асосии муносибатҳо Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила аз 25 майи соли 1993 ва Шартнома дар бораи ҳамкории иттифоқӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аз 16 апрели соли 1999, ки ба асри 21 равона шудааст, маҳсуб мешаванд. 

Фаъолияти сармоягузорӣ

Дар асоси сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодиро бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, муҳити соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ бомуваффақият амалӣ менамояд.

Бо дарназардошти идомаи ислоҳот дар соҳа қонунгузории кишвар пайваста такмил дода мешавад, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи фурӯши маҳсулот», «Дар бораи мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ» қабул шуда, якчанд барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ таҳия ва татбиқ гардиданд.

Дар маҷмӯъ, аз тарафи қонунгузории амалкунандаи кишвар 109 намуди имтиёзҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла 92 имтиёзи фискалӣ ва 17 имтиёзи ғайрифискалӣ барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, ширкатҳои нави молгузаронанда вобаста ба ҳаҷми сармоягузорӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз андоз аз даромад озод карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ солҳои 2007-2021 беш аз 11 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 4 миллиарду 850 миллион- сармоягузории мустақим, 5 миллиарду 659 миллион- дигар намудҳои сармоягузорӣ ва 502 миллион доллари ИМА — сармоягузории портфелӣ мебошанд.

Солҳои 2007-2021 ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 кишвари ҷаҳон сармоягузорӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон дар айни замон беш аз 300 ширкат бо сармояи Русия фаъолият доранд.

ҶСК «НБО Сангтӯда-1», ҶММ «Газпромнефт-СМ» ва «МегаФон Тоҷикистон» (ҶСП «ТТ мобайл») пешбарандаи тиҷорати Русия дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷамъшуда дар Тоҷикистон беш аз 16 фоизро сармояи Русия ташкил медиҳад, ки ба соҳаҳои сохтмон, алоқа, иктишофу истихроҷ, энергетика ва ғайра равона шудаанд. 

Саноат

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар доираи стратегияи дарозмуддати миллии рушди кишварамон татбиқ гардида истодаанд.

Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои таркибии иқтисодиёти ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аз рушду пешрафти он вобаста аст.

Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маҳсуб мешавад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат дар соли 2018 ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардида буд.

Бо мақсади татбиқи саноатикунонии босуръат дар кишвар «Стратегияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ барои соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар давраи то соли 2022» ва дигар барномаҳои соҳавӣ муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Тибқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 сохта ва ба истифода додани 736 корхона бо 18 ҳазор ҷойи нави кор ва бо такмили сохтори саноат дар маҷмӯъ ва саноати коркард, аз ҷумла баланд бардоштани ҳиссаи саноат дар ММД-и мамлакат то ба 30 фоиз пешбинӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар 10 соли аввали истиқлолият (то соли 2000) камшавии якбораи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (2,4 баробар) ба амал омад. Соли 2010 афзоиши он нисбат ба соли 2000  200 фоиз, соли 2020 нисбат ба соли 2010  270 фоиз ва нисбат ба соли 2000  540 фоизро ташкил дод. Яъне, суръати баландтарини афзоиш дар давраи аз соли 2010 то соли 2020 таъмин гардидааст.

Дар соҳаи саноати Тоҷикистон робитаи зичи мутақобила бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин  ҳамкорӣ бо сохторҳои мухталифи молиявии ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дорусозӣ бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла маъданҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дорои аҳамияти афзалиятнок аст.

Дар ин самт якчанд барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардиданд, ки ба вусъати коркарди ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Дар айни замон барои ҳарчи бештар истифода бурдани иқтидори саноатӣ ва зиёд кардани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия ба маҳсулоти ниҳоӣ имтиёзу бартарият  пешбинӣ шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ин соҳаҳо барномаҳои махсус қабул кардааст.

Дар якчанд ноҳияҳои мамлакат ташкили минтақаҳои саноатӣ идома дорад.

Ин минтақаҳо корхонаҳои коркарди нефт, истеҳсоли семент, маҳсулоти бофандагӣ ва металлургӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти саноати кимиёвиро фаро мегиранд.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, технологияҳои нав, таҷрибаи идоракунӣ, бунёди инфрасохтори муосир, ҳалли мушкилоти шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пур кардани бозори дохилӣ бо маҳсулот ва молҳои эҳтиёҷоти истеҳсолии истеъмолӣ, инчунин зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар доираи иҷрои қонуни мазкур дар айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ «Суғд», МОИ «Данғара», МОИ «Панҷ», МОИ «Ишкошим» ва МОИ «Кӯлоб» амал мекунанд.

Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, новобаста аз шакли моликият, аз пардохти ҳама намуди андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони физикӣ озод мебошад. Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳудудест, ки дар он тартиби гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ амал мекунад.

Саноати имрӯзаи Тоҷикистонро садҳо самти истеҳсолот ва ҳазорон намуди маҳсулоти марбут ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, саноати сабуку кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмонӣ ва саноати хӯрокворӣ муаррифӣ мекунанд.

Ҳудуди Тоҷикистон аз маъданҳои фоиданок бой буда, ин омил барои рушди саноати маъдан ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ заминаи мустаҳкам гузоштааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 кони маъданҳои фоиданок, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо кашф ва барои коркард омода карда шудаанд.

Дар айни замон танҳо даҳ кон мавриди истифода қарор доранд, ки аз онҳо зиёда аз 40 намуд маъдан истеҳсол мешавад.

Натиҷаҳои сатҳи рушди саноат ва ҷараёни инкишофи тағйироти сохтори соҳавии онро дар саросари ҷумҳурӣ барои солҳои 2000-2020 ҷамъбаст карда, метавон гуфт, ки суръати кофии баланди рушд таъмин гардидааст.

Бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибот ва нақлиёт, кишоварзӣ, сохтмон ва инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. 


Маориф ва илм

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ ба рушди соҳаи маориф пайваста афзалият медиҳанд. Мактабҳо, методикаи таълим, омӯзгорону хонандагон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ  ва ғамхории Пешвои миллат қарор доранд. Ислоҳоти маориф ва ҷараёни навсозӣ ҷузъҳои муҳиму таркибии рушди ин соҳаи мамлакат мебошанд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи маориф сол то сол тамоюли рӯ ба афзоиш пайдо намуд.

Агар соли 2000 аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 37 миллиону 425 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2022 ин рақам ба 6 миллиарду 304 миллиону 25 ҳазор сомонӣ расидааст.

Нишондиҳандаи маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2022 6% ММД ё 18,6% хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Яке аз ислоҳоти бештар самаранок дар ин самт- ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар натиҷаи ин ислоҳот мустақилияти молиявии мактабҳо зиёд шуда, иштироки аҳли ҷамъият дар идоракунии мактабҳо таъмин гардид. Акнун мактаб метавонад афзалияти истифодаи самараноки маблағҳоро мустақилона муайян кунад.

Бо мақсади баланд бардоштани муҳтавои таълим аз соли 2016 ҷорӣ намудани равиши нави таълимӣ оғоз гардида, дар доираи он низоми маориф таҷдид карда мешавад.

Яке аз вазифаҳои асосии раванди таълиму тарбия дар шароити ҳамгироии фазои таълимӣ- дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, эҷодкор ва мутафаккир мебошад.

Қабули «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» ба таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Вобаста ба ин, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», 24 олимпиадаи фаннӣ баргузор мегарданд, ки ба дарёфт ва рушди хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ҷалби шумораи зиёди наврасону ҷавонон ба ҳаракати олимпӣ мусоидат мекунанд.

Хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат меварзанд, ки ба ифтихори онҳо парчами давлат барафрохта мешавад. Аз аввали соли 2022 то имрӯз хонандагони кишвар дар 16 олимпиадаи байналмилалӣ ширкат карда, 1004 ҷойи бонуфузро соҳиб шудаанд.

Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 125 созишнома ва дигар намуди санадҳо ва барномаҳои ҳамкории байнидавлатӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва технология бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба имзо расонидааст. Дар асоси ин санадҳо беш аз 40 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 38 кишвари ҷаҳон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ таълим гирифтанд. Ҳамасола дар доираи санадҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Малайзия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Туркия, Ҷопон, Венгрия, Руминия, Сербия, Таиланд ва дигар кишварҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон стипендия ҷудо карда мешавад.

Ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ИДМ ва кишварҳои узви СҲШ рушд меёбад. Дар заминаи ин созмонҳо Донишгоҳи шабакавии СҲШ ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ таъсис дода шудаанд, ки 10 донишгоҳи Тоҷикистон узви Донишгоҳи шабакавии СҲШ ва 3 донишгоҳ узви Донишгоҳи шабакавии ИДМ мебошанд.

Инчунин мавриди зикр аст, ки то охири соли 2022 татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаби русӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд анҷом ёбад.

Соҳаи фарҳанг

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва тарғиби анъанаҳои бостонии мардуми тоҷик, бахусус ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.

Ҷашнҳои миллии тоҷикон анъанаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии марбут ба падидаҳои табиат мебошанд, ки ибтидои онро гузаштагони мо – ориёиҳо гузоштаанд. Дар пайроҳаи пурталотуми таърих ба ин ҷашнҳо суғдиён, бохтариён, хоразмиён ва дигар халқҳои ориёӣ ҳамчун василаи иртибот миёни инсон бо табиат, шахсият ва ҷомеа ва ҳамчунин омили таҳкими дилбастагӣ ба Ватан эҳтиром мегузоштанд.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муаррифии беҳтарин намунаҳои фарҳанги миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз меафзоянд. Дар иҷлосияи 92-юми ЮНЕСКО 11 ноябри соли 2003 мусиқии классикии «Шашмақом» ба феҳристи шоҳасарҳои мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии башарият (якҷо бо Ҷумҳурии Узбекистон) дохил карда шуд.

Ҳамчунин соли 2016 дар номинаи «Оши палав» ҳамчун таоми анъанавии тоҷикӣ ва заминаи иҷтимоӣ-фарҳангии он дар Тоҷикистон ба Феҳристи репрезентивии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шуд. Оши палав таоми анъанавӣ аз ҷумлаи хӯрокҳои тоҷикӣ буда, дар байни мардум маҳбубияти зиёд дорад ва аз ин рӯ онро «шоҳи таомҳо» низ мегӯянд.

Гулдӯзӣ як навъ ҳунари анъанавӣ буда, бо вижагиҳои маҳаллӣ ва этникии худ миёни бисёре аз мардуми ҷаҳон маъмул аст.

Гулдӯзии тоҷикон низ соли 2018 бо номи «Чакан» – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи репрезентивии ЮНЕСКО шомил гардид.

«Фалак» жанри мусиқии бостонии мардумист, ки дар тӯли садсолаҳо дар низоми таълимии ғайрирасмии «устод-шогирд» то имрӯз аз насл ба насл мерос мондааст. «Фалак» асосан аз қисмҳои созӣ ва вокалӣ иборат аст.

Мусиқии анъанавии «Фалак» дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, ки 15 декабри соли 2021 дар шаҳри Париж (Фаронса) баргузор гардид, расман ба Феҳристи репрезентивии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Ҳамчунин барои муаррифии фарҳанги моддӣ ва табиӣ низ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шудаанд. 31 июли соли 2010 бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳри Саразм, ки дорои таърихи 5500-сола мебошад, ҳамчун нахустин ёдгории таърихии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шомил карда шуд.

Дар иҷлосияи 37-уми Идораи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки 16-26 июни соли 2013 дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардид, номинаи Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ шомил карда шуд.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СММ 

  1. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, ки дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри соли 1999) пешниҳод шуда буд. Бар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза қатънома ба тасвиб расид. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гардид.
  1. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». Тибқи Эъломияи Душанбе 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.
  1. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ қатъномаи 67/204-и Маҷмаи Умумии СММ дар бораи баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки ташаббускори он Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, эътироф намуд. 11 феврали соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж маросими эълон намудани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.
  1. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2018 — 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон намуд. Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 дар Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ҳангоми қабули қатънома (A/RES/71/222) дастгирӣ ёфт. Тибқи ин қатънома, давраи аз соли 2018 то соли 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон шуд, ки 22 марти соли 2018 оғоз гардида, 22 марти соли 2028 ба охир мерасад.

Моҳи июни соли 2018 пас аз ифтитоҳи расмии оғози Даҳсолаи болозикр дар Ню-Йорк дар Рӯзи ҷаҳонии об (22 март) 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои узви СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор гузаронида шуд. Дар ин конфронс доираи васеи масъалаҳои марбут ба захираҳои об баррасӣ гардид.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки 7 июни соли 2022 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзӯи «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор шуд.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, гардид. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз лиҳози замон (барои аввал дар тӯли тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷаҳо низ таърихӣ хоҳад буд ва давраи муҳим дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об хоҳад гардид.

  1. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим саҳми арзанда мегузорад. Аз ҷумла, ташаббуси Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об, ки ҳамчун «Раванди оби Душанбе» эътирофи байналмилалӣ гирифтааст, кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври беназир муаррифӣ кард. Дар айни замон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббус дар масъалаи тағйирёбии иқлими глобалӣ ва зарурати саъю кӯшиши муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии муосир аҳамияти хосса дорад. Қобили зикр аст, ки тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки беш аз 60%-и захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, аз байн рафтааст. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалии худ ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсис додани Бунёди байналмилалии пиряхҳо талош дорад.


Матни мақоларо Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

 АКС: скриншот аз мақола

Сентябрь 14, 2022 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид