Пешвои миллат: «Ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям»

Сентябрь 30, 2022 11:09

ДУШАНБЕ, 30.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугўю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рўҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рў ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандўстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегўям, аз лаҳни шаккарину  дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиямро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям. Ин иқтибос аз китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» -и Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки  соли гузашта  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи ҷашни Рўзи забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид.

Дар саҳифаи аввали ин китоб чунин омадааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳамаи давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Ин асари  мондагору муҳим ва бунёдии Пешвои миллат марҳалаҳои таърихи густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри XIII то ибтидои асри XX фаро мегирад. Дар он аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ  маълумот оварда шудааст. Китоб бо забони содаву фасеҳ ва сабки илмию оммавӣ таҳия гардида, барои доираи васеи дўстдорони забони ноби тоҷикӣ, таърих ва адабу фарҳанг пешбинӣ гардидааст.

Муаллифи китоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки  «Китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» саргузашту сарнавишти забони модарии моро аз ҳамлаи муғул (асри XIII) то суқути сулолаи Манғитиён дар Осиёи Миёна ва эълони Ҷумҳурии Халқии Бухоро (1920) дар бар мегирад».

Сарвари давлат ҳамчунин  нигоштаанд, ки «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр кард, ки  ба  масъалаи забон рӯй овардани Пешвои миллат дар заминаи баҳсу мунозираҳои беохир оид ба ҷойгоҳи тоҷикон дар арсаи таъриху тамаддуни ҷаҳон ва нақши забони тоҷикӣ дар ин раванди таърихӣ ба вуҷуд омадааст.

Тавре муаллиф Президенти мамлакат таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки ин хазинаи бемислро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои устувор гардидани пояҳои забони давлатиамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашем. Зеро, андеша ва ғояи миллии  ҳар як халқ дар забону адабиёт ва фарҳангу ҳунараш ифода ёфта, дар тафаккуру маърифати фарзандони он ташаккул меёбад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 30, 2022 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид