РӮЗИ КИТОБ. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш ва Рӯзи дарҳои кушод доир гардид

Сентябрь 2, 2022 15:47

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш ва Рӯзи дарҳои кушод доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати фарҳанг, донишҷӯёни мактабҳои оливу миёнаи махсус, муҳассилини мактабҳои миёна, устодон ва хонандагон иштирок намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ.

Пеш аз оғози ҳамоиш дар саҳни бино намоиш — фурӯши китобҳои нашриёти ватанӣ доир гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ пофессор Ҷумъахон Файзализода иброз намуд, ки «китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳост. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб- рӯзи бе офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриёти давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешаванд».

Ҷумъахон Файзализода зикр дошт, ки аз кушодашавии бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳ сол сипарӣ гашт. Бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши вертуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев иброз намуд, «китоб роҳнамо ва чашми бинои инсон аст ва ҳар шахсе, ки рӯ ба китоб биёрад, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расида метавонад. Китоб сармояи ақлу хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯст, ки инсонро ба роҳи рост, хирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ раҳнамун месозад».

Сипас аз ҷониби Вазорати фарҳанги мамлакат як зумра кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ бо ифтихорномаву сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин ҷашн соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон гардида буд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2022 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд