РӮЗИ ЁДБУДИ МАВЛОНО. Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд
ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА маводеро дар бораи ин шоири тавоно ва оламшумули ҷаҳон омода намудааст, ки онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
815 сол қабл, аниқтараш 30 сентябри соли 1207 дар Вахшонзамини Тоҷикистон, ки дар қарни 13 ба қаламрави Балх мансуб буд, тифле чашм ба олами ҳастӣ кушод, ки ӯро волидайн бо меҳр Ҷалолуддин ном ниҳоданд. Ҷалолуддин баъди ба камол расидан бо таълимот ва осори нотакрори ирфониаш шӯҳраи ҷаҳон гардид. Ин аст, ки бо гузашти беш аз 8 қарн бузургию асолати мероси адабии шоир ва мутафаккири барҷастаи машриқзамин- Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ оламшумул ва побарҷо буда, дар қарни 21 «Маснавии маънавӣ»-и ӯ серхаридортарин китоб дар Амрико эътироф гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2016 ду кишвари осиёӣ- Эрон ва Туркия аз идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид- ЮНЕСКО дархост намуданд, ки «Маснавии маънавӣ»- и Мавлоноро ба ҳайси мероси миллии Эрону Туркия сабти ном намояд. Аммо пешниҳоди ин ду кишвар ба мавҷи эътирозҳои бархе кишварҳои минтақа, бахусус Афғонистон ва Тоҷикистон, ки онҳо ҳам даъвои мероси шоир ва мутафаккири бузург- Мавлоноро доранд, бархӯрда, ихтилофи назар ба миён овард.
Дар кадом асос ва замина мо метавонем як шахс ё як падидаро мансуб ба як миллат ё давлат донем? Зимни посух ба ин савол донишманди тоҷик Маҳмадёр Шарифзода зикр намуд, ки «масъалаи интисоб додани як шахсият ба як миллат ва кишвари алоҳида масъалаи ҷиддӣ ва методологист, ки он бояд бидуни эҳсос ва андешамандона дар асоси мантиқ баррасӣ гардида, натиҷаи дуруст гирифта шавад».
Мавлоно ба миллати тоҷик мансубият дорад
«Мо, тоҷикон комилан даъво карда метавонем, ки ин марди бузург –Мавлоно ҳамдиёри мост», — таъкид менамояд Маҳмадёр Шарифзода. Тибқи тадқиқоти анҷомдодаи муҳаққиқони тоҷик, зодгоҳи аслии Мавлоно водии Вахш аст. Ҳатто як донишманди амрикоӣ дастнависи падари Мавлоноро дарёфт карда, собит сохтааст, ки зодгоҳи Мавлоно мавзеи Сангтӯдаи имрӯза мебошад. Мавлоно дар овони наврасӣ бо волидайн ва ҳудуди 700 нафар муридони падараш ҳамроҳ бо аҳли адаб аз Балх сафари Маккаро ихтиёр намуда, баъди бозгашт Қунияро ватан баргузид ва ҳоло осори зиндагии шоир ва мадфани Мавлоно он ҷо боқист. Муҳаққиқи тоҷик чунин иброз намуд, ки бояд донишмандони кишварҳое, ки даъвои мерос ва шахсияти Мавлоноро мекунанд, дар як ҷо ҷамъ оянд ва масъалаи ба кадом миллату давлат интисоб додани Мавлоно ва осори ӯро оқилона, одилона ва соҳибназарона баррасӣ созанд, то дар байни онҳо ихтилофи назар ба вуҷуд наояд.
Мавлоно ва осори ӯ моли тамоми инсоният аст
«Мавлоно ва осори ӯро мероси давлати алоҳида ё халқи алоҳида донистан чандон дуруст нест», — мегӯяд, яке аз мавлоношиносони шинохтаи тоҷик Хуршед Зиёев, ки рисолаи номзадиашро дар бораи «Таълимоти Баҳоваддини Валад» — падари Мавлоно ва рисолаи докториро дар бораи «Тариқати тасаввуфии Мавлавия» дифоъ намудааст. Ин Мавлоношиноси тоҷик мегӯяд: «маъхазҳои мӯътамад бозгӯи онанд, ки Мавлоно аз рӯи аслу баромад шоир ва мутафаккири тамоми ориёзабонҳо ва мардуми мусулмон буда, таълимоташ тарғибгари таҳаммулпазирии динию фарҳангист. Мавлоно фарзанди тамоми инсоният аст, бинобар ин маҳдуд сохтани Мавлоно ба як миллату як давлат кори чандон савоб нест. Он пешниҳоде, ки аз ҷониби Туркия ва Эрон шудааст, бояд Тоҷикистону Афғонистон ба он шарик бошанд ва собит созем, ки воқеъан Мавлоно ва осори ӯ моли тамоми инсоният аст, зеро андешаҳои шоир, ки дар «Маснавии маънавӣ» дарҷ гардидаанд, ба тамоми инсоният баробар хизмат карда метавонанд. Дар масъалаи интисоб додани Мавлоно ба миллат ва давлати алоҳида бояд намояндагони кишварҳо дар як ҷо бо ҳам нишинанд ва ин мавзӯъро ба таври амиқ баррасӣ созанд». Чуноне ки пешниҳодоти кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар бораи ҷашни байналмилалии Наврӯз шуда буд, ҳамин гуна он кишварҳое, ки даъвои Мавлоно ва мероси ӯро доранд, ба муассисаи фарҳангии СММ –ЮНЕСКО пешниҳоди муштарак ироа созанд ва дар ҳамбастагӣ бояд фаъолият намоянд.
Муҳаққиқон: «Зодгоҳи Мавлоно Вахшонзамин аст»
Муҳаққиқи тоҷик афзуд, ки дар шеърҳои Мавлоно: «Мо аз ин ҷою аз он ҷо нестем, мо зи болоему боло меравем», «На шарқиям, на ғарбиям» ҳамаи ин ишора ба он аст, ки Мавлоно қабл аз ҳама худро инсон мешуморад. Агар ба ҳаёт, фаъолият ва осори Мавлоно ба таври амиқ назар андозем, ӯ ҳамчун инсоне, ки худро берун аз таълимоту андешаҳо медонад, рафтор намудааст. Маъхази аввалин доир ба тарҷумаи ҳоли Мавлоно асари падараш Баҳоваддини Валад «Маориф» аст. Мавлоно солҳои 1203 то 1210 дар Вахшонзамини Тоҷикистон зиндагӣ намудааст. Дар асари «Маориф» омадааст, ки солҳои 1203-1210 ӯ дар Вахшонзамин ба ҳайси воизи яке аз масҷидҳои минтақа хизмат мекард. Муҳаққиқони афғонию эронӣ ва амрикоӣ Маҳбубсироҷ, Бадеъуззамони Фурӯзонфар ва Франклин Луиз эътироф кардаанд, ки зодгоҳи Мавлоно Вахшонзамини Тоҷикистон аст. Бо эътимод ба маъхазҳои асрҳои миёна ва таҳқиқоте, ки дар ибтидои замони Шӯравӣ ва дар Амрикою Эрон анҷом дода шудаанд, собит гардидааст, ки воқеъан зодгоҳи Мавлоно Вахшонзамин ва падараш аз тоҷикони Балх аст. Падари Мавлоно дар китоби «Маориф» зикр кардааст, ки баъди он ихтилоф, ки бо қозии Балх дошт, маҷбур шуд, ки аз Балх ба Вахшонзамин ояд. Баъд роҳ ба сӯи Самарқанд гирифта, сипас ба ҳаҷ сафар кард ва баъди бозгашт аз ҳаҷ бинобар сабаби он, ки ватанашон-Балх дар тасарруфи урдуи муғул-Чингизхон афтода буд, ба Осиёи Сағир- Рум омад, ки ҳамсару фарзандонаш ҳам бо ӯ буданд. Мавлоно дар он солҳо 12 сол дошт. Дар Рум барои падари Мавлоно Баҳоваддини Валад, ки мутафаккири барҷаста ва фақеҳу воизи хеле шинохта буд, маликони салҷуқии Рум масҷиду мадраса сохтанд ва ӯ ба тарбияи шогирдонаш шурӯъ карда, Румро макони зисти худ ихтиёр намуд. Мавлоно ҳамчун шоир, мутафаккир дар Рум ташаккул ёфта, давраи асосии ҳаёт ва фаъолияташро дар Қуния гузаронид ва дар ҳамин шаҳр дафн шудааст. Имрӯз оромгоҳи ӯ зиёратгоҳи ҳазорон дӯстдорони осор ва таълимоташ аст.
Ҷойгоҳи Мавлоно дар Тоҷикистон
Мавлоно ва осори оламшумулаи ӯ дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи хосае бархӯрдоранд, зеро тоҷикон ва тоҷикистониён дар радифи дигар кишварҳои минтақа осори Мавлоноро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Ин аст, ки дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон — собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Румӣ иваз гардида, соли 2016 палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон номи ноҳияи Ҷалолуддини Румиро ба Ҷалолуддини Балхӣ табдил дод. Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шуд. Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули адабиёти асримиёнагии тоҷик stop-smoking-guru.com. Тамоми осори Мавлоно дар Тоҷикистон бо ҳуруфи кириллӣ ба чоп расидааст, ки ин аз хизматҳои бузурги мардуми тоҷик, Ҳукумат ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тарғиб ва бахусус интишори осори ирфонии ҷаҳоншумули пири тариқат –Ҷалолуддини Балхӣ гувоҳӣ медиҳад.
Маҳбубияти Мавлоно дар ҷаҳон
«Мавлоно бо сабаби он ки шеъри содаю равон ва фасеҳ дорад, дар тамоми ҷаҳон машҳур аст», — таъкид намуд мавлоношиноси тоҷик Хуршед Зиёев. Мавсуф гуфт, ки гарчанде шеъри Мавлоно дар Рум тавлид гардидааст, дар Бухорою Самарқанд, Ҳисори Шодмон ва Душанбе машҳур аст. Дар Афғонистону Эрон шеъри Мавлоноро қариб ҳамаи мардум мехонданд. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳатто дар радифи бедилхонию ҳофизхонӣ, шамситабрезихонӣ ҳам маъмул буд. Шеъри Мавлоно дар Осиёи Сағир — Туркияи имрӯза маҳбубияти зиёд дорад. Маснавии Мавлавӣ ҳамзамон ба забони арабӣ тарҷума гардида, арабзабонҳо осори ӯро медонанд. Осори Мавлоноро ба дигар забонҳои мардуми дунё низ тарҷума ва нашр намудаанд. Ин аст, ки дар асрҳои 17-18 тавассути муҳаққиқони олмонӣ осори Мавлоно ба забонҳои олмонию англисӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои англисзабон мунташир гардид. «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно соли 1996 китоби аз ҳама серхаридортарин дар ҷаҳон эътироф шуд ва дар Амрико ҳатто аз Библия бештар нашр гардид. Осори Мавлоно дар Аврупо маҳбубияти зиёд пайдо кард. Рӯҳониёни калисои Аврупо андешаҳои Мавлоноро барои аз майпарастӣ дур сохтани ҷомеаи Аврупо истифода намудаанд. Шеъри Мавлоно барои тамоми инсоният маҳбуб аст.
Осори Мавлоно тараннумгари таҳаммулпазирию ҳамзистист
Хуршед Зиёев мегӯяд, ки таълимоти Мавлоно, махсусан китоби ӯ «Маснавии маънавӣ» як навъ ҷамъбасти таълимоти ирфонию тасаввуфист, ки дар он масъалаҳои маърифати инсон, маърифати холиқ, ахлоқию иҷтимоӣ ва ҳастишиносӣ ҳалли худро ёфтаанд. «Маснавии маънавӣ» ба ҳайси китоби дарсӣ барои шогирдон таълиф шудааст, ки фаҳмидани андешаҳои фалсафиро хеле осон мекунад ва дар асрҳои миёна ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешуд. Донишманди тоҷик афзуд, ки Мавлоно аз миллату дину мазҳаб сухан намегӯяд, як мисрае дорад, ки чунин аст: «Агар ту син, агар румин, агар турк, Забони безабононро биёмӯз», яъне инсон бояд забони инсонро биомӯзад, на забони мушаххаси миллатро, зеро Мавлоно миёни одамон тафриқа намегузошт. Таълимоти Мавлоно таҳаммулпазирии мазҳабӣ, динӣ ва фарҳангӣ буда, ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз