Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова бо таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, меҳмононро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, роҳбалад барои онҳо сайри осорхонавӣ ташкил намуд.
Ба меҳмонон таърихи куҳани миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои «Асри санг», «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Кушониён», «Аҷинатеппа», толорҳои «Кулолгарӣ» ва «Сиккаҳо» муаррифӣ карда шуданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дидан намуданд, ки нигораҳои ин намоиш инъикосгари таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик мебошанд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»










Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






