Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 сентябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар рушди иҷтимоию маънавии башарият дар давраи пас аз пандемия» Конфронси байналмилалии VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ доир мегардад, ки дар кори он Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок мекунад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар конфронс дар мавзӯи «Саҳми пешвоёни дин дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ ва сулҳ, мубориза бо ифротгароӣ, радикализм ва терроризм, бахусус дар заминаи динӣ» бо забони арабӣ сухан мегӯяд.
Дар назар аст, ки садҳо намояндагон аз 50 кишвари ҷаҳон дар ин конфронс ширкат ва суханронӣ намоянд. Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, дар конфронс иштироки Попи Рум Франсиск, имоми олии Ал-Азҳар (Миср) Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар раҳбарони рӯҳонӣ дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷамъбаст аз ҷониби иштирокчиёни конфронс оид ба таҳкими равобити тамаддунҳо ва динҳо, инчунин мушкилоти доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ эъломия қабул гардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/сомонаи https://www.gov.kz/memleket/entities/








Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»






