Рустам Ҳайдаров, доктори илмҳои фалсафа: Таърихи инсоният собит сохт, ки муҳимтарин ниёзи инсонӣ ҳамеша расидан ба истиқлолият будааст
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон заминаи воқеиро баҳри интихоби дурнамои имрӯзу фардои миллат ва рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам овард. Дар ҳама давру замон инсон на танҳо барои некӯаҳволии моддӣ ва роҳати ҷисмонӣ кӯшиш менамуд, балки барои ӯ қадршиносӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва қонеъ гардидани ниёзҳои гуногун ҳамеша муҳим буд ва мемонад. Чунин иброз дошт дар суъхбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ.
Бино ба суханони ӯ, таърихи инсоният собит сохт, ки муҳимтарин ниёзи инсонӣ ҳамеша расидан ба истиқлолият будааст. Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон арзиши хосса дорад, зеро он рамзи Ваҳдати миллат, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ мебошад. Низоми арзишҳое, ки пойдевори ғоявии истиқлолияти Ватани моро ташаккул медиҳад, бунёдест барои рушди маънавию ахлоқи ҳамватанони мо ва қодир ба он аст, ки дар зеҳни ҳар тоҷик худшиносии миллӣ, ифтихор аз фарҳанги волои тоҷик, эҳтиром ба таърих ва анъанаҳои миллиро эҳё ва тарбия намояд», — изҳор намуд ӯ.
«Мо,-мегӯяд Рустам Ҳайдаров,- мутмаин ҳастем, ки ҳувияти миллӣ ҳар қадар қавитар бошад, майлу хоҳиши ҳифзу таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Ҳувияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ ду падидае ҳастанд, ки доимо ҳамроҳ зуҳур мекунанд. Сатҳи ҳувияти миллӣ ва соҳибихтиёрӣ бояд ҳамеша ба ҳамдигар мувофиқат кунанд. Ба ҳамин хотир дилхоҳ миллати худшинос барои эъмори давлати соҳибистиқлол талош мекунад ва дар навбати худ дилхоҳ давлат низ барои таҳкими худшиносии миллӣ бояд талош намояд, зеро дар ниҳояти кор тавоноии бақои онҳо аз ҳамдигар вобастагии амиқ дорад».
Муовини Директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинов бар он аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди кишвар имконияти зиёд барои рушд фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон ҳар шаҳрванди ватандӯсти мамлакат эҳсос мекунад, ки имрӯз мо дар Ватани орому осуда ва амн зиндагӣ мекунем. Истиқлолияти мамлакат барои ҳар фарзанди тоҷик маънои ҳуқуқии худмуайянкунӣ ва интихоби роҳи рушди худро дорад.
«Дар заминаи гуфтаҳои боло, бо дарназардошти таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки 31-сола мешавад, метавон гуфт, ки мо тавонистем истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намуда, онро таҳким бахшем, худро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ муаррифӣ намоем, ҳудудии кишварро пурра ҳифз кунем. Роҳбарияти Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагузоштанд, ки қувваҳои берунӣ ба равандҳо ва корҳои дохилии сиёсии мо дахолат кунанд ва вазъи давлати моро муташанниҷ гардонанд», — иброз дошт Рустам Ҳайдаров.
Номбурда чунин мешуморад, ки давраи давлатсозӣ ва давлатдории мустақил ба мо, тоҷикон имкон дод, ки мо ба роҳи ислоҳоти сиёсии иқтисодӣ ворид шавем, иқтисоди миллӣ ва сохторҳои нави идоракуниро ташаккул диҳем, барои ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Роҳбарияти мамлакат ҷиҳати таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чаҳор ҳадафи стратегии рушди минбаъда – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва суръат бахшидан ба саноатикунонии кишварро муайян кардааст.
Ба андешаи Ҳайдаров, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар назди ҳамватанони мо вазифаи эҳёи мероси бебаҳои маънавию фарҳангие, ки дар тӯли садсолаҳо аз ҷониби гузаштагони мо офарида шуда буданд, меистод. Дар ин раванд хотираи таърихӣ, барқарор намудани таърихи воқеӣ ва ҳақиқии халқи тоҷик мавқеи муҳим ишғол мекунад. Ба туфайли ҷидду ҷаҳди роҳбарияту олимони кишвар саҳифаҳои муҳимтарини замони гузаштаи миллати тоҷик аз нав кашф карда шуданд. Далелу рақамҳои кашфгардида шаҳодати онанд, ки сарзамини мо яке аз қадимтарин марказҳои тамаддун маҳсуб мешавад.
«Имрӯз, яъне дар замони соҳибистиқлолӣ идомаи пайгиронаи эҳёи арзишҳои миллӣ, шинохти амиқи худ, ташаккули ғояю мафкураи миллӣ дар соҳаи маънавӣ вазифаи асосии ҷомеаи тоҷик шуморида мешавад. Мазмуни асосии мафкураи миллӣ, ки бунёди пешрафти иҷтимоию сиёсии кишвар маҳсуб мешавад, бояд аз чунин ҳадафу вазифаҳои наҷиб, аз қабили таъмини сулҳу субот дар кишвар, ободии Ватан, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум иборат бошад», — мегӯяд ӯ.
Бино ба андешаи ӯ, мафкураи истиқлолияти миллӣ бо дарназардошти анъана, таърих, забон, рӯҳияи тамаддунофари чандинасраи халқи мо ва дар ҳамбастагии зич бо арзишҳои умумибашарӣ бояд тамоми мардуми Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид созад. Ин андеша бояд барои ба дилу шуури одамон интиқол додани эътимод ба фардои дурахшон, тарбия намудани меҳру муҳаббат ба Ватан хизмат кунад.
«Бо назардошти чунин андешаҳо бояд эътироф кард, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва олитарин арзишест, ки бақои давлату миллат ва дурнамои рушди бомуваффақияти кишвар ба ин падида вобастагии амиқ дорад. Ба шарофати ин арзиши бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф гардида, халқи тоҷик ҳамчун миллати мутамаддин ва бофарҳанг шинохта шуд», — худлоса намуд Рустам Ҳайдапов.
АКС аз АМИТ «Ховар» / манбаъҳои боз








Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон иншооти нави соҳаи тандурустӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза гирифтааст
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Мумфаршкунии роҳи асосии даромадгоҳи «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд






