Рустам Ҳайдаров: «Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ дар ягон кишвари соҳибтамаддун таҳаммул нахоҳад шуд»

Сентябрь 29, 2022 14:26

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябри соли 2022 ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби Суди олии Федератсияи Россия ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави ин кишвар манъ гардид. «Бо ин амали худ Россия бори дигар исбот намуд, ки ин кишвар воқеан шарики стратегии Тоҷикистон ва муқобили ақидаҳои ифротию террористист»,- мегӯяд коршиноси АМИТ «Ховар», доктори илмҳои фалсафа, муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Рустам ҲАЙДАРОВ.

Матни пурраи мулоҳизоти ӯ дар ин мавзуъ дар зер оварда мешавад.

 

— ТЭТ ҲНИ ва идеологияи он хатари ҷиддӣ барои амният ва сулҳу суботи ин кишвар ва минтақа маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ҷониби Россия дар амал нишон дод, ки нигаронии Тоҷикистон аз фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ асоси воқеӣ дорад ва мавқеи кишвари моро дар ин масъала комилан дастгирӣ менамояд.

Бо ҷиноятҳои давоми солҳои гуногун содиркардаи худ ТЭТ ҲНИ нишон дод, ки ин ташкилот ҷузъи ногустастании терроризми байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, идомаи фаъолияташ на танҳо ба амнияти Россия ва Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои узви ИДМ низ таҳдид менамояд. Асоси ин гуфтаҳо он аст, ки ТЭТ ҲНИ аз амалӣ кардани идеологияи зиддидунявӣ, зиддибашарӣ ва иртиҷоии худ даст накашида, дар асоси дастури роҳбарони ташкилоти манфиатдори Ғарбу Шарқ фаъолияти тахрибкоронаи худро мавриди амал қарор додааст, ки метавонад ба амният ва суботи манотиқи гуногуни давлатҳои узви ИДМ халал расонад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризми дорои ангезаи динӣ, ки мазмуну моҳияти фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ дар асоси он ба роҳ монда шудааст, динро барои расидан ба ҳадафу ғаразҳои сиёсии худ истифода мебарад.

Намояндагони терроризми дорои ангезаи динӣ имкони бо роҳи гуфтушунид, созиш ва ҳатто бештар бо роҳи дастҷамъӣ ҳал намудани мушкилоти иҷтимоию сиёсиро рад мекунанд. Ҷонибдорон ва намояндагони чунин навъи терроризм, ки намунааш ТЭТ ҲНИ мебошад, ба ҳар кас, аз ҷумла ба ҳаммазҳабононашон, ки ақидаҳои сиёсии онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд, таҳаммулнопазирии шадид нишон медиҳанд ва онҳоро террор ҳам мекунанд.

Аз ин лиҳоз дар қаламрави Россия ташкилоти террористӣ эълон шудани ТЭТ ҲНИ, хусусан дар нимаи якуми моҳи сентябр, ки маҳз дар ҳамин давра ҳафт сол қабл ин ташкилот даст ба табаддулоти ҳарбӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон заду номуваффақ гашт, басо саривақтӣ ва рамзист. Ин амали ҷониби Россия қадами ҷиддӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва амният дар кишвари мо буда, берун аз он ҳам аҳамияти вижа дорад.

Дар ҳудуди Россия ташкилоти террористӣ эълон гаштани ТЭТ ҲНИ, бешубҳа аҳамияти бузурги геополитикӣ низ дорад, зеро ин ташкилот ҳамчун восита ва ё абзори хадамоти махсуси ғарбӣ ба амнияти ин кишвар хатару таҳдиди ҷиддӣ низ эҷод менамояд. Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки аксари мамолики ИДМ ва хусусан кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ, ки дар айни замон сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷии худро доранд, имрӯз ба объекти амалҳои харобиовари хадамоти махсуси ғарбӣ ва шарикони онҳо аз кишварҳои шарқӣ мубаддал гаштаанд. Дар айни замон мо шоҳиди он гашта истодаем, ки дар манотиқи аз мавқеи геополитикӣ муҳими мамолики пасошӯравӣ низоъҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ба таври сунъӣ ташкил ва идора шуда истодаанд.

Дар шароити мураккаб ва пуртазоди геополитикӣ, ки боиси ташаккули ҷаҳони сеқутба гардидааст, хадамоти махсус аз ташкилоте, ба монанди ТЭТ ҲНИ ҳамчун абзор барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худ истифода мебаранд ва бурда истодаанд. Бо ин мақсад аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои манфиатдор дар минтақаи мо аз чунин стратагемаҳо, аз қабили пахши мафкураи ҷиҳод ва ифротгароии динию сиёсӣ дар афкори омма, дастгирии гурӯҳҳои террористии динӣ, ба мисли ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳаракатҳои ифротгароии динӣ-сиёсӣ, таҳқири роҳбарияти олии сиёсӣ ва муттаҳам кардани онҳо ба атеизм, бадном кардани тарзи зиндагии дунявӣ, бозӣ кардан ё манипулятсия бо ҳиссиёти динии мардуми диндор истифода шуда истодааст. Солҳои охир мо борҳо шоҳиди он гаштем, ки ТЭТ ҲНИ бо дастуру ҳидоятҳо ва маблағгузориву сарпарастии хоҷагони хориҷии худ маҳз аз ҳамин стратагемаҳои дар боло зикргардида истифода намудааст.

Аз ин рӯ, ба назари мо ояндаи наздик дар аксари мамолики ИДМ, умуман Авруосиё аз таҷрибаи Тоҷикистону Россия оид ба манъи фаъолияти ТЭТ ҲНИ истифода хоҳад шуд, яъне фаъолияти ин ташкилоти тахрибкори террористӣ дар кулли кишварҳои соҳибтамаддуну худшинос манъ хоҳад гашт ва минбаъд таҳаммул намешавад.

Ҷаҳониён бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки ТЭТ ҲНИ ҳамчун намояндаи фаъоли терроризми байналмилалӣ, ки ҷавҳари онро фаъолияти террористии дорои ангезаи динӣ ташкил медиҳад, аз ҳадафи асосии худ, яъне ба таври маҷбурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ба таври хушунат ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ, поймол кардани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон даст накашидааст. ТЭТ ҲНИ сирф ташкилоти зиддимиллӣ буда, тоҷикиятро пурра инкор менамояд. Аъзои ин ҳизб ҳарчанд худро тоҷик муаррифӣ намоянд ҳам, аммо дар амал қатрае аз ҳувияти миллӣ ва ифтихори тоҷикӣ надоранд, зеро агар онҳо на дар сухан, балки дар амал тоҷик мебуданд, ҳеҷ гоҳ бар зидди Ватани худ ва ҳаммиллатони худ мубориза намебурданд ва қотили даҳҳо ҳазор сокинони бегуноҳи Тоҷикистон намешуданд

Имрӯз мо, тоҷикони асил ва ватандӯст дар пайи эъмори давлати миллӣ буда, пайваста кӯшиш дорем, ки рукнҳои давлатдориамонро таҳким бахшем. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, аз фарди одӣ то ба роҳбарияти олии кишвар пайваста ва софдилона кӯшиш доранд, то рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан — Тоҷикистони азиз иҷро намояд. Аз ин хотир, мо истиқлолияти кишварамонро ҳифз менамоем, Ваҳдати миллиамонро тақвият мебахшем ва дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид ҳастему хоҳем буд, зеро масъули ояндаи дурахшони кишварамон ҳастем. Талош мекунем, ки барои наслҳои ояндаи миллатамон давлати обод ва аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ пурқудрату пурнуфуз мерос гузорем. Дар ин ҷодаи зиндагӣ моро ягон гурӯҳи нохалафе, ба мисли ТЭТ ҲНИ монеа шуда наметавонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2022 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар партави стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҲАМЛА БА ПЕШРАФТ ВА ТАМАДДУН. Дар мактабе дар шимоли Афғонистон таркиш ба амал омада, 35 нафар кушта шуданд
Пентагон хабарро дар бораи нобуд кардани роҳбари ДИ* дар Сурия тасдиқ кард
Маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба анҷом расид
НУҚТАИ САЙЁРИ МИЛИТСИЯ. Дар Суғд барои рушди ҳамкории милитсия ва ҷомеа чунин навгонӣ ба роҳ монда шуд
Дар Остона 32 шаҳрванди Тоҷикистонро дар шоҳроҳ наҷот доданд
МУШКИЛОТ ВА ТАҲДИДҲОЕ, КИ АЗ АФҒОНИСТОН САР МЕЗАНАНД. Дар Душанбе бори аввал даври даҳуми «Муколамаи амнияти Ҳирот» доир мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ! Мошини тамғаи «Киа Рио» бо сабаби суръати баланд аз баландии 6,35 метр сарозер шуд
АМАЛҲОИ МУШТАРАК БАР ЗИДДИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ. Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи Фаронса иштирок дорад
Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ амалиёти «Пиёдагард» роҳандозӣ намудааст