Шумораи вижаи маҷаллаи «Business Central Asia» — и Деҳлӣ бо таваҷҷуҳи хос ба Тоҷикистон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлии нав маҷаллаи «Business Central Asia» бо таваҷҷуҳи хос ба кишвари мо ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин шумора паёми табрикотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи табрикномаҳои роҳбарони ду кишвар ба муносибати рӯзҳои миллӣ, матни табрикоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба муносибати 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ, мақолаи Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон «Ташвиқи рушди саноат дар Тоҷикистон», инчунин мақолаи Сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон «З0 соли ҳамкории мутақобилан судманд» ҷой дода шудаанд.
Ҳамзамон дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, робитаҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, инчунин нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайра интишор шудаанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд
Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид






