Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид

Июнь 20, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Зимни суҳбат аҳаммияти фаъол кардани муколамаи сиёсӣ ва тамосҳои созандаи корӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид гардида, ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои ду кишвар ишора карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид доштанд: – «Мо бар ин боварем, ки фаъолияти Комиссияи мазкур дар татбиқи тадбирҳои амалӣ ба мақсади рушди ҷанбаҳои зикргардида ва дигар самтҳои робитаҳои ду кишвар мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд».

Дар доираи сафари расмӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон қабул гардад.

Дар Баёнияи муштарак ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту транзит, энергетика, иқтисоди рақамӣ, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ тасдиқ намуда, инчунин ба рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир таъкид карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон муҳтарам Ираклий Кобахидзе барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи мувофиқаҳои дар ин зимн бадастомада ба ғанӣ гардонидани онҳо бо паҳлуҳои нави ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Мо имрӯз ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намудем.

«Тоҷикистон натиҷаҳои музокироти анҷомёфтаро, ки дар фазои созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифтанд, омили таконбахши муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо медонад», — изҳор доданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид, аз ҷумла:

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи ҳавоӣ;

— Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон дар самти муқовимат бо коррупсия;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;

— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон дар бораи таъсиси Комиссияи миёниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи осебпазирӣ, арзёбии хавфҳо, мутобиқшавӣ ва кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

— Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон;

— Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Гурҷистон дар соҳаи фарҳан, ба имзо расиданд.

Инчунин, 19 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе баргузор шуд.

Сарвазирони Тоҷикистон ва Гурҷистон нахуст дар мулоқоти хоса вазъ ва дурнамои муносибатҳои миёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сипас, мулоқоту музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистон ва Гурҷистон идома ёфт.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нахустин сафари расмии Сарвазири Гурҷистонро ба Тоҷикистон таърихӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин сафар дар муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон марҳилаи наву муҳимеро боз менамояд.

Ба таъкиди Сарвазири кишвари мо, равобити миёни мардумони ду давлат бар пояи эътимод, эҳтиром ва самимият бунёд ёфта, дар Тоҷикистон ба фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои хоси мардуми Гурҷистон арҷ гузошта мешавад.

Инчунин Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистон боздид намуд.

Ҳайати расмии Гурҷистон бо роҳбарии Сарвазири ин давлат Ираклий Кобахидзе дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ иштирок карданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 20, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид