Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе баргузор гардид.
Сарвазирони Тоҷикистон ва Гурҷистон нахуст дар мулоқоти хоса вазъ ва дурнамои муносибатҳои миёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Сипас, мулоқоту музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистон ва Гурҷистон идома ёфт.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нахустин сафари расмии Сарвазири Гурҷистонро ба Тоҷикистон таърихӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин сафар дар муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон марҳилаи наву муҳимеро боз менамояд.
Ба таъкиди Сарвазири кишвари мо, равобити миёни мардумони ду давлат бар пояи эътимод, эҳтиром ва самимият бунёд ёфта, дар Тоҷикистон ба фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои хоси мардуми Гурҷистон арҷ гузошта мешавад.

Тавре изҳор гардид, дар таърихи муштараки кишварҳо нақши дӯстони гурҷӣ дар рушди илми тоҷик, соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва тандурустӣ мақоми намоён дорад.
Дар ин замина номгузорӣ гардидани яке аз кӯчаҳо дар маркази шаҳри Душанбе ба номи фарзанди баруманди мардуми Гурҷистон, шоири классик Шота Руставеллӣ ва дар доираи ин сафар пардабардорӣ аз нимпайкараи шоири машҳур дар ҳамин кӯча ҳамчун наздикии маънавӣ, фарҳангӣ ва дӯстии самимӣ миёни мардумони ду кишвар таъкид гардид.
Тавре гуфта шуд, соли гузашта гардиши савдои миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон беш аз 37 фоиз ва танҳо дар чор моҳи соли 2026 64 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи мусбӣ мебошад.
Ҷонибҳо барои боз ҳам суръат бахшидани афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар истифодаи имконоту захираҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва Гурҷистонро муҳим донистанд.


Зимни музокироти расмӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту логистика, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳангу сайёҳӣ таъкид намуданд.
Дар ин замина, аҳамияти таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои транзитӣ, аз ҷумла долонҳои нақлиёти автомобилӣ ва баҳрии Гурҷистон, табодули таҷриба дар самти навсозии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетикаи “сабз”, бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, нассоҷӣ ва фармасевтӣ, роҳандозии ҳамкории мустақими сохторҳои масъули соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи Гурҷистон дар самти истифодаи технологияҳои муосир, низоми обёрии замин, боғу токпарварии интенсивӣ ва чорводорӣ дар шароити кӯҳистон, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаи агросаноатӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, масоили таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, ташкили мубодилаи олимону донишҷӯён, роҳандозии барномаҳои ҳунарӣ, намоишгоҳҳо, фестивалҳо ва рӯзҳои фарҳангӣ дар ҳар ду кишвар, истифодаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон, табодули таҷрибаи пешрафта дар рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ ва табобатӣ, инчунин ташкили хатсайрҳои мустақим ва мунтазами ҳавоӣ миёни ду кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
АКС: АМИТ «Ховар»









Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд






