Сироҷиддин Муҳриддин дар нахустин ҷаласаи муштараки кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 сентябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар поёни ҷаласа Баёнияи муштарак, инчунин Харитаи роҳи ҳамкории муштарак барои солҳои 2023-2026 қабул гардид.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 2 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фалоҳ ал-Ҳаҷрафро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Шӯрои мазкурро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.
Дар доираи сафар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ба имзо расид.
Акс: ВКХ ҶТ










Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






