СММ: Бинобар обхезӣ дар Покистон 33 миллион нафар зарар дидаанд

Сентябрь 4, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 04.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба  кор бо гурезагон захираҳо ва кормандонро барои тавсеаи кумак ба Покистон, инчунин дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ ва гурезаҳоро дар минтақаҳои аз обхезии фоҷеабор харобшуда сафарбар мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ.

Дар натиҷаи обхезии шадид миллионҳо нафар дар Покистон осеб дида, беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Биноҳо, пулҳо ва роҳҳо вайрон шудаанд. 30 август СММ тарҳи ироаи кумакҳои башардӯстона ба покистониёнро нашр кард. Барои татбиқи он созмон аз донорҳо 160 миллион доллар дархост кардааст. «Кормандони раёсате, ки дар кишвар кор мекунанд, иттилоъ медиҳанд, ки миқёси харобиҳоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бисёр одамон дар майдони кушод зиндагӣ дошта, мунтазири кумаки фаврӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаи башардӯстона мебошанд. Дигар одамон дар лагерҳо ва ё дар хонаҳои одамони бегона паноҳгоҳ пайдо кардаанд»,- хабар доданд аз раёсат.

Бар асари боронҳои шадиди муссонӣ ва обхезие, ки дар минтақаҳои васеъ ҳафтаҳо давом кард, тақрибан 33 миллион нафар осеб диданд, беш аз 1100 нафар ҳалок шуда ва тақрибан 1600 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Қариб 300 000 хона пурра хароб ва тақрибан 650 000 хонаи дигар зарар дидаанд. Офати табиӣ ҳосили ду миллион гектар заминро нобуд кардаву қариб 735 ҳазор cap чорво талаф ёфтааст. Бориши муссонӣ ва обшавии пиряхҳо ба зерсохтори иртиботот ва шабакаҳои роҳ осеб расонидааст. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қариб 3500 километр роҳ ва 150 пул вайрон шудааст.

Раёсати  Комиссари Олии СММ оид ба  кор бо гурезагон дар ҳамкорӣ бо мақомоти Покистон дар вилоятҳои аз ҳама осебдидаи Хайбар-Пахтунхва ва Балуҷистон хайма, кӯрпа, сатил ва дигар ашёи рӯзгорро босуръат паҳн мекунад. Дар ин мавзеъҳо аллакай 10 ҳазор хайма ва дигар маводи кумаки башардӯстона тақсим карда шудаанд. Кумакҳо ба манотиқи аз сел осебдида дар ҷануби музофоти Синд низ ирсол мешаванд.

«Мо нақша дорем, ки тақрибан ба 50 000 оила дар минтақаҳои аз ҳама осебдида кумак расонем ва ба он ҷо беш аз як миллион ашёи мавриди ниёзи аввал фиристем»,- хабар доданд аз раёсат.

Мардум ба кормандони раёсати Комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон аз изтироби худ нақл карданд, зеро оби борон ва селоб дар дақиқаҳои башумор тамоми дороии онҳоро шуста бурд. Онҳое, ки тавонистанд, ба ҷойҳои амн шитофтанд.

Зарардидагони обхезӣ, пеш аз ҳама, ба паноҳгоҳ, оби тозаи ошомиданӣ ва маводи озуқаворӣ ниёз доранд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳафтаи оянда ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми осебдида ба Покистон сафар мекунад.

АКС: Global Look Press/Keystone Press Agency

Сентябрь 4, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст