Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро* террористӣ эътироф кард
ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 сентябр Суди олии Русия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҲНИТ)-ро ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти онро дар қаламрави Федератсияи Русия манъ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе нашрияи «Известия» хабар дод.
Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста баргузор шуд.
Қаблан Прокуратураи генералии Федератсияи Русия бо талаби террористӣ эътироф намудани ҲНИТ* ба Суди олии Русия даъво пешниҳод карда буд.
«Суд даъвои Прокуратураи генералии Федератсияи Русияро дар бораи террористӣ эътироф кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ва мамнӯъ намудани фаъолияти он дар қаламрави Федератсияи Русия қонеъ гардонд», — гуфт намояндаи суд ба Интерфакс.
Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ташкилот ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 мамнӯъ эълон шуда буд. Соли 2017 ин ҳизб ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил карда шуд.
ҲНИТ* ҳамчунин ба «Феҳристи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда дар кишварҳои узви СААД» шомил шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ин созмон. ҲНИТ* ба феҳрист таҳти рақами 65 ворид карда шудааст. Ба ин феҳрист ҳамчунин ташкилоти террористии байналмилалӣ, аз қабили «Ал-Қоида», «Давлати исломӣ», «Ихвонулмуслимин», «Ансоруллоҳ» шомил гардидаанд.
_______________
* Ташкилоти террористию экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон
АКС: Известия/АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»
Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд
ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
Рӯзи милитсияи тоҷикро дар Хуҷанд ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир шуд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад
Президенти Тоҷикистон: «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассос саҳми таърихӣ гузоштанд»
Дар Ироқ масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту бехатарӣ баррасӣ шуд
МУҲОФИЗАТГАРИ БОЭЪТИМОДИ ХАЛҚУ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи милитсия
Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд
Дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ доир шуд






