ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, якшанбе, 261-умин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 18, 2022 08:00

18 сентябри соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 18 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистон ва Россияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Ассамблеяи генералии 72-юми Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.

18 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Америка дар доираи созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ шуд.

***

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Фазои дӯстӣ» доир шуд.

***

9 сол пеш, 18 сентябри соли 2012 дар пойтахти мамлакат   намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба истифода дода шуданд.

***

74 сол муқаддам, 18 сентябри соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 аввалин киштии кайҳонии «Союз-38» бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

***

18 сентябри соли  1981 дар Франсия ҳукми қатл бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷамъомади ҷумҳуриявии  адвокатҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» аз нашр баромад, ки 2 сент арзиш дошт.

Сентябрь 18, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст