ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, душанбе, 262-юмин рӯзи соли 2022 аст

Сентябрь 19, 2022 08:00

9 сол пеш, 19 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш доир ба тақвияти ҳамдастӣ дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ табодули афкор намуданд.

19 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Молдова – Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи силоҳсозон.

***

Дар Чили – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

19 сентябри соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ намуданд.

***

19 сентябри соли 2016 барномаи ҳаррӯзаи иттилоотии «Навид»-и Шабакаи телевизиони Тоҷикистон — «Сафина» ҷоизаи Фестивали бйналмилалии телевизионии «ТЭФИ Содружество — 2016»-ро, ки дар шаҳри Ереван баргузор гардид, соҳиб шуд.

***

 

19 сентябри соли 1990 дар шабакаи ҷаҳонии интернет аввалин домени ватании SU –домени дохилии сатҳи баланд барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба қайд гирифта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1973 дар Федератсияи Россия низоми ягонаи ҳимояи ҳуқуқи муаллиф таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоҳирӣ сазовори Ҷоизаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои  маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва табобати бемории сил гардид.

***

Соли 1888 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Белгия озмуни зебоӣ баргузор шуд.

Сентябрь 19, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, панҷшанбе, 342-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, чоршанбе, 341-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, сешанбе, 340-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, душанбе, 339-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, якшанбе, 338-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, шанбе, 337-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, ҷумъа, 336-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, панҷшанбе, 335-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, чоршанбе, 334-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, сешанбе, 333-юмин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, душанбе, 332-умин рӯзи соли 2022 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, якшанбе, 331-умин рӯзи соли 2022 аст