Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тавассути моҳвораи «YAHSAT» дар саросари Тоҷикистон пахш мегардад

Сентябрь 2, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 сентябри соли равон телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар саросари Тоҷикистон тавассути моҳвораи «YAHSAT» дар ҳаҷми 16 соат пахш мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори телевизиони мазкур Умед Шарифзод.

Дар аввал пахши барномаҳои телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фарогирии мавҷи ноқилӣ пешкаши тамошобинон карда мешуд. Аз ин пас тамоми сокинони мамлакат метавонанд тавассути моҳвораи «YAHSAT» аз имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ, ошхонаву тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, нуқтаҳои савдои сайёҳӣ, фурӯшгоҳҳои армуғонӣ, озмуну барномаҳои сайёҳӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ воқиф гарданд.

Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи оинномаи муассиса барномаҳои худро бо забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ пахш менамояд.

Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз дастгоҳи марказӣ, раёсатҳо, шуъбаҳои эҷодӣ ва ҳайати техникӣ таркиб ёфтааст. Дар айни замон барномаҳои «Эъҷоз», «Диёр», «Гардиш», «Соҳибҳунар», «Ривоят ва ҳақиқат», «Як рӯзи деҳа», «Гулдаст», «Тақвим», «Шифобахш», «Зиннатафзо», «Нигоҳи сайёҳ», «Меҳмонхона», «Тарабхона» ва барномаи иттилоотии «Паём» ҳамарӯза бо се забон пахш мегарданд.

Барномаҳои мазкур инъикосгари беҳтарин маконҳои гардишгарӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳии дохилӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва хабару гузоришҳои фаврӣ мебошанд.

Огоҳ намудани аҳолии мамлакат аз хабарҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат рисолати асосии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дониста шуда, баҳри иҷрои ин амал кормандони ин муассиса ҳамвора талош менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 1 апрели соли равон дар фазои тантанавӣ дар мамлакат кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Директори Муассисаи давлатии Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Дилафрӯз Амирзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд