Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои муштаракро бо Барномаи рушди СММ баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Ахим Штайнер мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Барномаи рушди СММ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ин ниҳоди СММ дар кишварро тибқи Санади барномаҳои кишварӣ барои солҳои 2023-2026, ки чанде пеш аз ҷониби Шӯрои иҷроияи БРСММ тасдиқ гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон инчунин атрофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, Конфронси оби СММ-2023 ва конфронси дарпешбудаи муқовимат бо терроризм дар Душанбе мубодилаи афкор карданд.
А. Штайнер аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати пешбурди авлавияти Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ омодагии ниҳоди зерсохторашро изҳор кард.
Акс: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






