Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҷаласаи 4-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризм баргузор намуданд

Сентябрь 15, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр ҷаласаи 4-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба мубориза бо терроризм дар шакли маҷозӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни музокирот ҳайатҳои ҷонибҳо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар бобати ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар самти муқовимат ба радикализатсия, мубориза бо маблағгузории терроризм, таъмини амнияти кибернетикӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва таҳкими иқтидори соҳавӣ табодули афкори созанда анҷом доданд.

Ҳарду ҷониб ҳамзамон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» (ш. Душанбе, 18-19 октябри 2022) ва дар ин робита вусъат ёфтани «Раванди Душанбе» истиқбол карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкории зич миёни ниҳодҳои марбута ба манзури дарёфти роҳу василаҳои муқовимат ба чолишу хатарҳои муосир тасдиқ намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 15, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд