ВАО: Бар асари таркиш дар Кобул на кам аз 20 нафар ҳалок шудаанд
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таркиш дар як маркази таълимӣ дар ғарби Кобул дасти кам 20 нафар ҳалок ва 35 тани дигар захмӣ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз, 30 сентябр шабакаи телевизионии «Al Jazeera» иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаи шабакаи телевизионии «Al Jazeera», дар ҳукумати муваққатии Афғонистон, ки аз ҷониби ҳаракати «Толибон»-и тундрав (дар Тоҷикистон мамнӯъ) ташкил шудааст, таркишро як маргталаб анҷом додааст.
Қаблан маълум гардид, ки таркиш дар маркази таълимӣ дар ноҳияи ғарбии Дашти Барчии пойтахти Афғонистон ҳангоми имтиҳон рух додааст. Сухангӯи ВКД-и мамлакат Абдул Нафӣ Таккур рух додани таркишро тасдиқ намуд, аммо маълумоти иловагӣ пешниҳод накард.
5 сентябр дар бинои сафорати Россия дар Кобул таркиш рух дод. Бар асари ин ҳамла ду корманди намояндагии дипломатӣ кушта шуданд, миёни шаҳрвандони Афғонистон низ зарардидагон ҳастанд. Дар маҷмӯъ, қариб 8 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






